Рубрики Хабарҳо

Оё сафари Байден ба Исроил ва Арабистони Саудӣ муваффақ буд?

Ҷо Байден умедвор буд дар нахустин сафари худ ба Ховари Миёна дар симати раисҷумҳури Иёлоти муттаҳида, нуфузи рӯ ба кощиши Амрико дар Ховари Миёнаро тақвият кунад, аммо оё ин сафар воқеъан муваффақ буд?

Раисҷумҳури Амрико пас аз таваққуфи дурӯза дар дар Исроил ва сарзаминҳои фаластинӣ, 24 соати охири сафари худро тайи рӯзҳои ҷумъа ва шанбе дар Арабистони саудӣ гузаронд, ду рӯзе, ки ба назар мерасад, сахттарин марҳалаи ин сафар буд. 

Ӯ пас аз имзои “эъломияи Иерусалим барои ҳамкории роҳбурдии Иёлоти муттаҳида ва Исроил” ҳамроҳ бо Яир Лапид, нахуствазири Исроил, озими сарзаминҳои фаластинӣ шуд. Ў дар сарзамини фаластиниҳо иддао кард дар ҳоли ҳозир “шароит барои азсаргирии музокирот миёни Исроил ва фаластиниҳо омода нест” аммо таъкид кард, ки ӯ ҳамчунон тарафдори роҳи ҳали ду давлат барои поён додан ба муноқишае қадимӣ ва хунин аст. Дар поён ҳам Байден қавл дод, ки барои наздик кардани ду тараф ҳамчунон талош кунад. 

Раисҷумҳури Иёлоти муттаҳида дар бахши поёни сафари худ вориди Арабистони саудӣ шуд то зимни пайгирии бахше аз аҳдофи эъломияи Иерусалим мабнӣ бар ташкили як меҳвари амниятии минтақаӣ бо мушорикати Исроил, Арабистони саудӣ ва Амороти арабии муттаҳидаро барои афзоиши тавлиди нафт мутақоид кунад ва ваъдаҳои ҳуқуқи башарии худро низ муҳаққиқ кунад. 

Афзоиши тавлиди нафт 

Вашингтон умедвор буд, ки бузургтарин содиркунандаи нафти хоми ҷаҳон барои муқобила бо қимати болоии нафт мутақоид шавад то нигаронии демократҳо дар хусуси таъсиргузории норизоиятии умумӣ аз гарониҳо бар натоиҷи интихоботи миёндавраии Кунгира, ки дар ноябри оянда баргузор мешавад, коҳиш ёбад. 

Байден пас аз дидорҳои дуҷониба бо раҳбарони Арабистони саудӣ дар рӯзи ҷумъа гуфт: “ман ҳар коре аз дастам бармеояд анҷом медиҳам то арзаи нафтро афзоиш диҳам.” Ӯ сипас тасреҳ кард, ки натоиҷи амалии ин музокирот “то ду ҳафтаи оянда” дар бозори нафт қобили мушоҳида нахоҳад буд. 

Бо ин ҳол, Ҷейк Салливан, мушовири амнияти миллии ӯ, интизоротро коҳиш дод ва ба хабарнигорон гуфт, ки ҳар иқдоме барои афзоиши тавлиди нафт “дар чорчӯби тасмимоти нишасти ояндаи ОПЕК плюс анҷом хоҳад шуд.” Нишасте, ки қарор аст севуми август бо ҳузури Русия ба унвони яке аз аъзои эътилофи Опек плюс баргузор шавад. 

Бар ҳамин асос, дар нишасти сарони шаш узви шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс (Арабистони саудӣ, Амороти муттаҳидаи арабӣ, Қатр, Уммон, Қувейт, Баҳрайн) ҳамчунин Миср, Урдун ва Ироқ ва ҳайати амрикоӣ ба раёсати Ҷо Байден, нафт тақрибан аз меҳварҳои мавриди баҳси ҳазф шуд. Ҳатто Файсал ибни Фарҳон, вазири хориҷаи Арабистони саудӣ низ билофосила пас аз ин нишаст гуфт, ки “дар ин иҷлос ҳеҷ гуна музокираи нафтӣ вуҷуд надошт.” 

Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Арабистони саудӣ низ дар нишасти рӯзи шанбе ба гуфтани як ҷумлае дар мавриди нафт иктифо кард: “интизор намеравад, ки афзоиши зарфияти тавлиди нафт аз 12 миллион бушка дар рӯзи феълӣ ба 13 миллион бушка дар рӯз то соли 2027 имконпазир гардад.” 

Робитаи арабҳо ва Исроил 

Аз назари равобит бо Исроил, подшоҳи Саудӣ ҳаргиз ба паймони Иброҳим, ки дар соли 2020 бо ифои нақши фаъоли Иёлоти муттаҳида ҳосил шуд ва ба давлати яҳуд иҷоза дод то равобити худро бо Баҳрайн ва Амороти арабии муттаҳида одисозӣ кунад, пойбанд набудааст. Ҳарчанд Исроил бар асоси ҳамин паймон равобити худро бо Марокаш ва Судон низ одӣ кард вале Арабистони саудӣ ҳамвора ба расмият шинохтани Исроилро машрут ба сулҳ бо фаластиниҳо ва ташкили давлати фаластинӣ кардааст. 

Бо ин ҳол, ба назар мерасид, ки Риёз чанд соат пеш аз вуруди Байден ба Арабистони саудӣ бо кушодани ҳарими ҳавоии худ барои парвози мустақими ҳомили раисҷумҳурӣ аз фурудгоҳи Телавив гоме барои барқарории равобити расмӣ бо Исроил бардоштааст. 

Аммо умедҳои Вашингтон ба суръат аз байн рафт, зеро вазири хориҷаи Арабистони саудӣ эълом кард, ки ин иқдом “ба ҳеҷ ваҷҳ муқаддимае барои ҳеҷ гоме” ба самти оддисозии равобити Риёзу Телавив нест. 

Афзун бар ин, сафари раисҷумҳури Амрико ба Исроил ва сарзаминҳои фаластинӣ ба ҳеҷ пешрафти эҳсосшавандае барои аз саргирии музокироти сулҳ миёни ду тараф, ки аз соли 2014 мутаваққиф шудааст, надошт. 

Барномаи ҳастаии Эрон 

Ҳатто бо вуҷуди имзои эъломияи Иерусалим, ба назар мерасад ихтилофи назар миёни Исроил ва Амрико дар мавриди бархӯрд бо барномаи ҳастаии Эрон низ ба қуввати худ боқӣ аст. 

Дар ин паймони амниятӣ, ки бархе таҳлилгарон онро талоши Амрико барои тарроҳии барномаи ҷойгузини шикасти музокироти Барҷом таъбир мекарданд, Иёлоти муттаҳида ва Исроил мутааҳҳид шуданд, ки ҳаргиз иҷоза надиҳанд Эрон ба силоҳи ҳастаӣ даст ёбад. Бо ин ҳол, Байден ҳамчунон аз пайгирии масири дипломатик барои эҳёи Барҷом сухан гуфт ва нахуствазири Исроил бар ташдиди таҳримҳо алайҳи Ҷумҳурии Исломӣ, истифода аз зӯр алайҳи барномаи ҳастаии Эрон ва бозгардондани парвандаи ин кишвар ба Шӯрои амнияти Созмони милал таъкид кард. 

Ин дар шароите буд, ки пештар вазири дифоъи Исроил эълом карда буд, ки кишвараш дар ҳоли эҷод як эътилофи дифоъи ҳавоии минтақаӣ алайҳи Эрон бо ҳимояти Иёлоти муттаҳида аст. Тарҳе, ки Ҷон Кёрбӣ, масъули ҳамоҳангии иртибототи роҳбурдии Шӯрои амнияти миллии Кохи сафед низ онро таъйид карда буд ва подшоҳи Урдун низ аз иҷрои он ҳимоят карда буд. 

Бо ин вуҷуд, вазири хориҷаи Арабистони саудӣ таъкид кард, ки ин кишвар мушорикате дар иттиҳоди дифоъии кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи Форс ва Исроил нахоҳад дошт. Ҳарчанд, ки Байден дар нишасти худ бо сарони 9 кишвари арабӣ эълом карда буд, ки Иёлоти муттаҳида мутааҳҳид ба пешбурди меъмории дифоъи мушакӣ ва ҳавоии якпорчатар дар қолаби шабакаҳои минтақаӣ аст. 

Ҳуқуқи башар 

Баҳсбарангезтарин лаҳзаи сафари Байден, дидори вай бо валиаҳд ва раҳбари воқеии Арабистони саудӣ, Муҳаммад ибни Салмон буд, ки пештар аз сӯи мақомҳои иттилооти Амрико ба унвони ҳомии террори Ҷамол Хошуқчӣ, рӯзноманигори мунтақиди ҳукумати Саудӣ дар соли 2018 муаррифӣ шуда буд. Қатле, ки дар бинои консулгарии Арабистон дар Истамбул рух дода буд. 

Як саломи мушт ба мушти байни ин ду раҳбар, ба тасвири нахустсафҳаи аввали рӯзномаи Вашингтон пост, рӯзномае, ки Хошуқчӣ барои он менавишт, табдил шуд ва мудири ин рӯзнома онро “шармовар” тавсиф кард. 

Дар ҳоле, ки Байден мегӯяд, ки ба валиаҳди саудӣ гуфта, ки ӯро масъули қатли Хошуқчӣ медонад вале дар муқобил, ба гуфтаи як мақоми саудӣ Муҳаммад ибни Салмон низ ба ӯ гуфта, ки қатли Хошуқчӣ иштибоҳи бузурге буд, вале Иёлоти муттаҳида низ муртакиб иштибоҳоте шудааст, аз ҷумла дар Ироқ. 

Дилҷӯӣ аз Ховари Миёна 

Дар ҳоле, ки кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс ба вижа Арабистони саудӣ ва Амороти арабии муттаҳида ба далели муташанниҷтар шудани Ховари Миёна, мунтақиди хурӯҷи нерӯҳои Амрико аз ин минтақа ҳастанд, Байден дар суханони рӯзи шанбеи худ дар нишасти Ҷидда эълом кард, ки Иёлоти муттаҳида аз Ховари Миёна хориҷ нахоҳад шуд. Байден бо тарҳи ваъдаи сармоягузориҳои муштарак дар Ховари Миёна аз эҳдои кумаки якмиллиарддолларӣ барои таъмини амнияти ғизоӣ дар минтақаи Ховари Миёна ва шимоли Африқо хабар дод. 

Бо ин ҳол, решаи ихтилофҳо ҳамчунон ҳал нашуда боқӣ монд, Риёзу Абудабӣ аз шартҳои Иёлоти муттаҳида дар заминаи фурӯши таслиҳот ва маҳрумияти онҳо аз ҳузур дар музокироти ҳастаӣ бо Эрон нороҳат ҳастанд. Чунон ки кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс, ки аз ҳамроҳӣ бо таҳримҳои Амрико ва Аврупо алайҳи Русия ҳамчунон худдорӣ кардаанд. 

Дар маҷмӯъ, бисёре аз таҳлилгарони сиёсӣ мӯътақиданд, ки сафари чаҳор рӯзаи раисҷумҳури Амрико ба Ховари миёна барои таҳаққуқи аҳдофи аввалияи он аз ҷумла эҳёи музокироти сулҳи миёни Исроил ва фаластиниҳо, афзоиши тавлиди нафт, тавсеаи равобити Исроил ва Арабистон ва афзоиши дубораи нуфузи Амрико дар Ховари миёна муваффақияти чандоне надоштааст. Ҳар чанд бо таваҷҷуҳ ба муодилоти пушти парда ва фоктурҳои дигар шояд барои натиҷагирӣ дар мавриди натоиҷи ин сафар қадре зуд бошад.

Евронюс

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *