Рубрики Хабарҳо

Кабирӣ Эронро ба амал накардан ба ӯҳдадориҳояш муттаҳам кард

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон ва раиси Ҳизб наҳзати исломӣ бо нашри твитте Эронро ба амал накарданаш ба ӯҳдадориҳои худ ба ҳайси кафили Сулҳи тоҷикон муттаҳам кард. 

Дар паёми твиттерии худ, раиси ҲНИТ дубора тасмими Русияро мабнӣ ба террористӣ эълон кардани ҲНИТ интиқод кард ва навишт “Русия ҳамчун кафили сулҳи тоҷикон, бо фишори Эмомалӣ Раҳмон эълон кард, ки ҲНИТ — яке аз ҷонибҳои сулҳро ба зудӣ шомили созмонҳои террористӣ мекунад”.

Дар идомаи ҳамин твит Кабирӣ тасреҳ кардааст “Эрон, кафили дигар ва мизбони чандин даври музокирот, дар баробари хиёнатҳои Раҳмон ба сулҳ, ҳеч гоҳ вокуниши расмӣ накард”.

Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳам бо пахши е иқдоми Додситонии кулли Русия барои террористӣ эътироф намудани ҲНИТ-ро “иштибоҳи бузурги сиесӣ ва мухолифи манфиъатҳои ду миллат” хонда, гуфтааст “Русия метавонад дастоварди бузурги дипломатӣ ва сиёсии кишвари худ ва миллати тоҷикро комилан аз байн бибарад”. 

Эрону Русия ду кафили аслии Сулҳи тоҷикон дар қатори Созмони милали муттаҳид буданд ва ҳеҷ кадом аз онҳо аз замони бастани Созишномаи сулҳ ба таклифашон амал накардаанд. 

Русия ҳамеша аз муттафиқони режими Раҳмон буд, аммо Эрон, ки бо ҳарду ҷониби муносибати зоҳиран яксон дошт, аз ҷониби режими Раҳмон ҳамеша мавриди иттиҳомоту интиқодоти шадид қарор мегирифт. Аз ҷумла режими Раҳмон Эронро ба дахолат дар умури дохилаи Тоҷикистон, омодасозии гурӯҳҳои террористӣ ва террорҳо дар дохили Тоҷикистон муттаҳам мекард. Ҳукумати Тоҷикистон солҳо садде дар роҳи ворид шудани Эрон ба СҲШ буд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *