Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Сироҷиддин Муҳриддин — роҳбари ин ниҳод ба Ӯзбекистон сафар кардааст.
Сабаби сафар иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Созмони Ҳамкории Шанхай арзёбӣ мешавад. Чорабинии мазкур 28-29-уми июл баргузор мегардад.
Ҳамзамон, дар назар аст, ки Сироҷиддин Муҳриддин дар ин сафар бо ҳамтоёни худ мулоқот доир менамояд.