Пойгоҳи марзбоние, ки дар маркази ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи пешин) қарор дошт, ба душворназораттарин қитъаи марзӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон кӯчонда шудааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ бо истинод ба Зафар Гулзода, раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин хабар медиҳад.
Марзбононро дар қароргоҳи нав дар наздикии деҳаи Ёли ин ноҳия, ки тақрибан 4 километр наздик ба марзи Афғонистон сохта шудааст, ҷойгир хоҳанд кард. Ин пойгоҳи марзбонӣ охири моҳи май бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ба истифода дода шуда буд.
Гулзода гуфтааст пойгоҳи нав ба марз наздиктар аст ва ин иқдом ба хотири «таъмини амнияту бехатарии марз ва ҳифзи ватани маҳбуб» гирифта шудааст.
Пойгоҳи кӯҳна ҳудуди 20 километр аз марз қарор дошт ва назорати мустақими марз аз ҳудуди он имконнопазир буд. Ҳоло пойгоҳи нави марзбонӣ дар ҷое қарор дорад, ки онро нуқтаи душворназорати марзӣ меноманд.
Марзи Афғонистону Тоҷикистонро дар ин ҷо рӯди Панҷ ҷудо месозад. Ҳанӯз канори рӯди Панҷ роҳ вуҷуд надорад, ки марзбонон марзро аз тариқи он назорат кунанд. Набудани роҳ бахши зиёди марзро аз назорати марзбонони тоҷик хориҷ карда буд ва солҳо онҷо макони кочоқбарони афғон буд. Ҳоло дар ин минтақа ба сохтмони роҳ оғоз кардаанд.
Зафар Гулзода, раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин гуфт, тақрибан 30 километр дар ин минтақаи душворназорат роҳ сохтаанд.
Барои назорати комили марз бояд ҳудуди 100 километр дар ин мавзеъ роҳ сохта шавад.
Марзи Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо Афғонистон 145 километр дарозӣ дорад.
Пас аз сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон мақомоти тоҷик марзро тақвият доданд. Ҳарчанд, мақомот дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мегӯянд, нигароние вуҷуд надорад, вале талошҳо барои тақвият бозгӯи он аст, ки вазъ чандон сода нест.