Рубрики Хабарҳо

Кӣ президенти навбатии Тоҷикистон мешавад?

Фазои сиёсии Тоҷикистон имрӯз хеле ғуборолуда менамояд. Яқин аст, ки Эмомалӣ Раҳмон ва командааш, ки дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ бо қувваи силоҳ сари қудрат омадаанд, дигар аз ӯҳдаи идораи ин мамлакат намебароянд.

На фақат барои он, ки Раҳмон қудратро танҳо баҳри бойшавии худу авлодаш истифода мекунад. На танҳо баҳри он, ки ноодил асту фасодро рушд дод. На танҳо баҳри он ки билкул фарзандону хешовандонашро ба вазифаҳои калидӣ таъин карда, пули кишварро пинҳонӣ ба хориҷа мекашонад. Инчунин баҳри он, ки идоракунии як кишвари тозаистиқлол дар шароити ҷаҳонишавӣ ва пешорӯи наҳангҳои абарқудрат аз роҳбарияти он донишу малакаи зиёди сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву маънавиро тақозо менамояд. Ва ин донишу малака, мутаассифона, дар ин команда мушоҳида намегардад.

Таҷрибаи замони шӯравӣ, ки хусаеро раиси ноҳия мондаву ба ҷояш муовини руси соҳибмаълумоте идора мекард, имрӯз ба кор намеояд. Замони нав роҳбарони нав мехоҳад. Аз дохили мамлакат. Аз миёни мардум. То ин ки ормонҳои ҳамшаҳриҳои худро то андозае бароварда созад. Дигар ҳоҷати мутахассиси “пуртаҷриба”-и данғарагиро ба Истаравшан барои роҳбарӣ равон кардан нест. Бигзор роҳбарро мардуми ҳамон ноҳия ва шаҳр аз байни худ интихоб намоянду дар ҳолати фош гардидани ғоратгариаш аз пуштибонии “калон” истифода бурда натавонад.

Фаҳмишу ҷаҳонбинии мардум нисбати даҳ-бист соли пеш хеле равнақ кардааст ва кунун  ҳини роҳбарии халқ наметавон усули рамабониро истифода кард. Дар идоракунии муосир фикри мардум ва ё зердастонро ба инобат нагирифтан ва ё нисбаташон беэҳтиромӣ зоҳир кардан барои як роҳбари ҳушманд мояи беобрурӯӣ  шуда метавонад. Аз ҷониби зердастон расонаӣ гардидани дашноми қабеҳи муовини раиси як ноҳияи Душанбе, тасдиқи ин гуфтаҳост. Аз ҳисоби буҷа дастгоҳҳои қимати мавҷзан харидорӣ намудан ва ё нтернетбандӣ ҳам имрӯз як кӯшиши беҳудаи бастани гӯшу даҳони халқ аст.    

Идораи ҳар кишваре, ба ғайр аз ҷиҳатҳои умумии техникӣ, боз хусусиятҳои хоси фарҳангӣ, миллӣ ва маҳаллии худро дорад. Дар кишваре чун Тоҷикистон наметавон болоравии таъсири Исломро дар ҳаёти мардум, ки пас аз сиёсати зуроваронаи атеистии Шӯравӣ як навъ бозгашт ба асли худ аст, сарфи назар кард. Дар ин замина пайдошавӣ ва равнақи ҳизби характери динӣ дошта дар кишвар низ як раванди табиӣ буд, ки ҳеҷ қувваи беруние наметавонист онро ба таври сунъӣ такон бахшад. Мардум ба чунин ҳизбе ё гурӯҳи сиёсие вокеан ниёз дошт. Хатои ҷиддии сиёсати Раҳмон дар он буд, ки зидди озодиҳои динии мардум рафт, кӯшиши ба ҳарими шахсии мардум ворид шуданро кард. Ин хато барои роҳбарони минбаъдаи Тоҷикистон бояд як дарси ибрат гардад. Ҳамчунин таҷрибаи азсаргузаронидаи истилои Шӯравӣ ба таркиби ҷомеа таъсири амиқ расонида, онро ба гурӯҳҳои дунявию динӣ қисмат кард. Кӯшиши хатарноки Эмомалӣ Раҳмон, ки мехоҳад аз ҳисоби ҷудоиандозӣ миёни ин гурӯҳҳо қудраташро боз барои чанд муддат тамдид кунад, бо нобарорӣ анҷомида истодааст.       

Акнун, ки рукуди давраи ҳукмронии Эмомалӣ Раҳмон баръалост, сари роҳбарияти нави кишвар бояд андешид. Дар шароите, ки “ҷаноби оли” ҳама номзадҳои эҳтимолиро аз назари мардум дур нигоҳ медорад, кӣ метавонад ин кишвари азҳолрафтаро ба по хезонад? Чеҳраи сиёсие, ки аксари мардум бо ӯву барномааш ошно бошанд, ба ӯ роҳбарии ватани худро, ояндаи фарзандони худро бовар кунанд. Бовар дошта бошанд, ки боз як балое наверо ба сари худ намеоранд.

Агар таҷрибаи ба сари қудрат омадани Зеленскийро дар Украина барои мисол бигирем, ӯ низ як шахси комилан тасодуфӣ набуд. Дар муддати панҷ соли охир Зе тавассути барномаҳои ҳаҷвиаш пайваста ба танқиди сиёсати роҳбари вақт машғул буд, худро ва ақидаҳояшро ба мардум муаррифӣ карда тавонист. Ҳатто тариқи филми “Хизматгори халқ” сенарияи ба сари қудрат омадани як нафари муқаррариеро аз миёни мардум низ “санҷида” баромад. Яъне, барои даъвои “аз Порошенко беҳтар роҳбарӣ кардан” заминаи хуб фароҳаи овард. Фаъолияти Зеленский миёни ду интихоботи президентӣ ҳатто аз аҳзоби оппозитсионии расман ба қайд гирифташуда ҳам нишонрастар баромад. Боз ҳам ташаккур ба президенти собиқ, ки милисаву бехатариро зидди ин ҷавони “хатарнок, ки кушиши сарнагун кардани сохти конститутсиони”-ро дошт, номардона истифода накард ва интихоби мардуми украинро ба ҷанги шаҳрвандӣ накашид.     

Дар шароитии “хомуши”-и сартосарии номзадҳои эҳтимолӣ ба мансаби президентӣ дар Тоҷикистон дар пешорӯи интихоботи соли 2020, интихоби чеҳраи нави сиёсие як кори мураккаб менамояд. Албатта дар пасманзари “баромад”-ҳои чунин вазироне ба монанди Бег Сабур ва Нур Саид ва ё хушомадгӯиҳои рӯирости телевизионӣ, ВАО-и давлатии кишвар Эмомалӣ Раҳмонро дар назари интихобкунанда чун як нафари ивазнашавандае ҷилва медиҳанд: “ягона фарди боақл миёни тудаи аблаҳон”. “Хайр боз кӣ метавонад, кишварро ба ҷои ӯ идора кунад? Ман каси дигареро намебинам!” — хитоб мекунад интихобкунандаи тоҷик.

Бале, президенти “якумри”-и мо намехоҳад, ки дигарон худро ба мардум шиносонанд. Аз чунин шахсиятҳо сахт ҳарос дорад. Зайд Саидро, ки бо мусоҳибаҳои босаводонааш дар як муддати кӯтоҳ миёни мардум маҳбубият пайдо карда буд, “таҷовузкор” ҳукм карда, ба мӯҳлати тӯлонӣ зиндонӣ намуд ва дар талотуми “исёни маҳбаси Кирпичний” қариб “безарар” карда буд. Муҳиддин Кабирии таҳлилгарро, ки тӯли роҳбарии ҲНИТ худро ҳамчун як сиёсатмадори босавод ва таҳаммулгаро муаррифӣ кард, “террорист” эълон карда, аз кишвар берун нигоҳ медорад. Раиси ҳизби Сотсиал-демократӣ Раҳматилло Зоировро бо “кӯмак”-и занҳои “инқилобгар” задаву таҳқир карда меистад ва ин сиёсатмадори касбӣ маҷбур аст аз ҳисоби муҳоҷирати меҳнатӣ рӯз гузаронад. Барзу Абдураззоқовро, ки бо намоишҳои гузоштааш ва мусоҳибаҳояш дар радиои “Озодӣ” сиёсати мавҷударо зери тозиёна мекашад, хомӯшона “бадарға” кардааст, то ба кори ӯ “халал” нарасонад.

Пас кӣ ва кай метавонад худро ба интихобкунанда муаррифӣ намуда, бартариашро нисбати президенти номуваффақи кишвар нишон диҳад? Раиси ҳизби дар коғаз мавҷудаи сотсиалистӣ, ки назди интихобкунанда худро дар нисбати Эмомалӣ Раҳмон “аз пашше беш” намедонад? Ва ё раисони аҳзоби киссагии аграрӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ, ки имзоҳои тарафдоронашонро барои ба қайдгирии номзадиашон ҳукуматҳои маҳаллӣ ҷамъ меорад? Ин бозии дилгиркунанда хеле кӯҳна шудааст. То интихоботи навбатии президентии кишвар якуним сол мондааст, вале, мутаассифона, то ҳол ягон бӯи омодагӣ ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ намеояд.     

Дигарон хомӯшона ин ҳолатро назорат доранд. Ҳатто озодфикроне, ки аз зулми ҳукуматдорони давр сарашонро гирифта, тарки ватан кардаву дар ғарибӣ сарсонанд. Ин мухолифон аслан хоидани ҳамдигарро аз муборизаи дастҷамъона алайҳи режими Раҳмон авлотар медонанд. Пас аз куштори оммавӣ дар зиндони Кирпиний ба ғайр аз ПМТ дигар ягон ниҳоди сиёсиву ҷамъиятии тоҷик рӯирост бар ҳимояи зиндониёни бераҳмона кушташуда садо баланд накард.        

Дар олами мутамаддин омодагӣ ба интихоботи навбатӣ маъмулан дарҳол пас аз интихоботи ҷамъбастгардида шурӯъ меёбад. Номзад ба президенти тоҷик кай ба саҳна мебаромада бошад? Магар ишораи касеро интизор аст? Биёед як тасаввур кунем: агар дар варзишгоҳи марказии Душанбе ва ё Наврӯзгоҳ баҳси озод миёни номзад ба президентӣ Эмомалӣ Раҳмон ва яке аз нафарони дар боло номбаршуда мегузашт, ба фикри шумо кӣ баранда мегардид?    

Анвар Мунавваршоев     

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *