80 муҳоҷири тоҷик дар Внуково дармондаанд
Наздик ба 80 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мебоист шоми 19 март аз фурудгоҳи Внуковои шаҳри Маскав бо ҳавопаймои ширкати ЮтЭйр ба Душанбе парвоз мекарданд, ба сабаби баста шудани фурудгоҳҳои Тоҷикистон дар Внуково дармондаанд.
Дар ин бора сомонаи Ахбор хабар дода менависад, ҳавопаймо бояд соати 20:55 аз Внуково парвоз мекард ва бисёре аз мусофирон бағочи худро алакай супурда, ба тарафи ҳавопаймо мерафтанд, ки аз Душанбе барқияи фаврӣ дар бораи аз соати сифри 20 март баста шудани ҳавопаймоҳои Тоҷикистон расид ва намояндагони ЮтЭйр эълон карданд, ки парвоз ба Душанбе лағв шудааст. Бисёре аз мусофирон чиптаи парвозро бо нархи гарони 25-30 ҳазор рубл харида буданд, чунки баъди баста шудани марзҳои Русия нархи парвозҳо аз ҷумла ба Тоҷикистон башиддат боло рафт.
Дар наворе, ки манбаи хабар нашр кардааст, дида мешавад, ки чӣ гуна мусофирони тоҷик дар толори фурудгоҳ истодаанд ва аз баландгӯ садои эълони лағви парвоз ба Душанбе ба гӯш мерасад. Ҳамин тавр, як гуруҳи мусофирон дар ин видео дар ҳоле сабт шудаанд, ки намояндаи ширкати ЮтЭйрро иҳота кардаанд ва ин намоянда қотеона ба онҳо изҳор медорад, ки ширкат пули чиптаи онҳоро барнамегардонад, чунки вазъият вазъияти форс-мажор дониста шудааст. Ӯ ба мусофирон машварат медиҳад, ки ҳар даъвое ки доранд, ба мақомоти кишвари худ муроҷиат кунанд, на ба ЮтЭйр, чунки қарори дар охирин лаҳза бастани фурудгоҳҳои Тоҷикистонро мақомоти тоҷик гирифтанд.
Ёдовар мешавем, Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон шоми 19 март бо ирсоли як барқияи фаврӣ ба тамоми ширкатҳои ҳавопаймоии дохиливу хориҷӣ дастур дод, ки «бо мақсади пешгирии эҳтимолияти паҳншавии бемории коронавирус ва таъмини амнияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода мешавад, ки иҷроиши парвозҳое, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешуд, аз 20 марти соли 2020 муваққатан манъ карда шавад.»