Рубрики Хабарҳо

OSCE ва CPJ хостори озодии Далери Имомалӣ ва дигар рӯзноманигорон шуданд

Тереза Рибейро, намояндаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар умури озодии матбуот ва Гулноза Саид масъули бахши осиёимиёнаии Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон талаб карданд мақомоти Тоҷикистон рӯзноманигору блогери шинохта Далери Имомалиро фавран озод кунанд.

Далерро додгоҳе дар Тоҷикистон рӯзи 17 октябр ӯро ба даҳ сол зиндон маҳкум кард.

Тереза Рибейро рӯзи 18-уми октябр дар баёнияе дар Телеграм навишт, аз ин ҳукм ваҳшатзада шуд ва онро «зарбаи дигар ба озодии матбуот дар Тоҷикистон» номид. «Рӯзноманигорӣ ҷиноят нест,» — навишт ӯ.

Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон (Committee to Protect Journalists), созмони воқеъ дар Ню-Йорк, ҳукми 10 сол зиндони Далери Имомалиро дар Тоҷикистон сангин хонд ва онро маҳкум кард.

Намояндаи созмон, Гулноза Саид, рӯзи 18-уми октябр дар изҳороте гуфт, мақомот бояд Далери Имомалӣ ва рӯзноманигорони дигарро раҳо карда, додгоҳҳоро ба саркӯби расонаҳои мустақил истифода набаранд.

“Аз аввал рӯшан буд, ки парвандаи Далери Имомалӣ аломати он аст, ки ҳукумати Тоҷикистон журналистикаи интиқодии тарафдор дар ҷомеаро таҳаммул нахоҳад кард… Ҳукми сангин баёнгари ҳамин аст,” – гуфтааст Гулноза Саид.

Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон афзуда, ки намедонад Далери Имомалӣ дар мурофиа чӣ дархост карда ва оё бозбинии ҳукмашро хоҳад хост ё не.

Дар ҳамин ҳол коршиносон мегӯянд мақомоти Тоҷикистон камтарин эътиное ба баёнияҳои созмонҳои ҳуқуқбашарӣ намекунанд.

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе Далери Имомалиро дар мурофиае пӯшида дар Боздоштгоҳ рӯзи 17 октябр ба 10 сол зиндон маҳкум кардааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *