Кишварҳои узви шурои ИДМ ба тавофуқ расиданд, ки мансабдорони фирории фасодкорро ба ҳамдигар таслим кунанд.
Тавре расонаҳо гузориш доданд, дирӯз, 26 октябр ҷаласаи 7-уми Шӯрои байнидавлатии мубориза бо коррупсия, ки ба ҳайати он Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон шомиланд, тариқи видеоконфронс баргузор шуд.
Гуфта мешавад, ки дар давоми сол мақомоти салоҳиятдори ин кишварҳо барои мувофиқа кардани лоиҳаи созишнома дар бораи ҳамкории кишварҳои узви ИДМ дар мубориза бо фасод корҳоро анҷом доданд. Худи лоиҳаи созишнома ҳанӯз дар соли 2008 таҳия шуда буд, аммо дар бораи он танҳо дар соли 2022 консенсус ва баёнияи қобили қабул ҳосил шуд.
Дар натиҷа, рӯзи 14-уми октябр дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ дар Остона президентҳо созишномаеро имзо карданд. Тибқи созишнома кишварҳо ба тавофуқ расиданд, ки дар парвандаҳои ҷиноятии коррупсионӣ ба ҳамдигар кумак кунанд.
Ҳамчунин барои содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, пешгирикунанда ва амалиёти махсуси ҳамоҳангшуда анҷом диҳанд. Кишварҳои узви шурои ИДМ дар самти кофтуков, дастгир ва истирдоди шахсоне, ки ҷиноятҳои коррупсионӣ содир намудаанд ҳамкорӣ намуда, барои баргардонидани даромадҳои аз амалҳои коррупсионӣ бадастомада мусоидат мекунанд. Дар такмили ихтисоси кормандон ҳамкориро ба роҳ мемонанд.