Дар вилояти Суғд қимати маводи ғизоӣ рӯ ба афзоиш аст. Беш аз ҳама қимати шир боло рафтааст. Ҳамчунин арзиши орд, шакар ва сабзавот низ ба самти боло ҳаракат мекунанд.
Дар ин бора аз Сарраёсати Агентии омори Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар додаанд.
Дар вилояти Суғд нархи маҳсулоти ширӣ 18,3 фоиз афзудааст. Дар бозорҳои Суғд 1 литр ширро байни 5 то8 сомонӣ харидан мумкин аст. Ҳаҷми истеҳсоли ин маҳсулот дар вилоят то 1 октябри соли ҷорӣ ҳудуди 200 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,3 дарсад бештар аст.
«Дар муҳлати муайяншуда аз ҳар сар модагов қариб 1300 литрӣ шир гирифта шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2021, 87 литрӣ зиёд мебошад» — иттилоъ медиҳад манбаъ.
Ба маълумоти ин ниҳод, дар вилояти Суғд ба ҷуз нархи шир, нархи гӯшт (4,5 фоиз), нон (4,6 фоиз), шакар (6,2 фоиз) ва орди навъи якум (11,7 фоиз) боло рафтааст.
Арзиши аслии баъзе сабзавот ба мисли пиёз 1,8 баробар, сабзӣ ва лаблабу — 1,7 баробар афзудааст.
Дар ҳамин ҳол, дар вилояти Суғд нархи баъзе маҳсулот, баръакс, арзон шудааст. Инҳо асосан сабзавоту меваҷот – лубиё (2,3%), картошка (32,5%), помидор (60,2%), бодиринг (63,9%), карам (5,6%), себ (22,3%) ва ғайра мебошанд.