Истироҳатгоҳ дар деҳаи Скубянкаи наздикии Варшава, ки аз ҷониби кормандони сафорати Русия истифода мешуд, Лаҳистон баргардонда гирифт.
Михал Гзовски, намояндаи хоҷагии ҷангали давлатӣ рӯзи панҷшанбеи 3 ноябр дар гуфт, қаламрави он комилан хароб шудааст.
Гзовски гуфт, “истироҳатгоҳе, ки сафорати Русия ба иҷора гирифта буд, баъди оғози ҷанг дар Украина мо бо онҳо шартномаро қатъ кардем. Истироҳатгоҳ тамоман хароб шудааст. Русҳо ҳама чизро хароб карданд, ҳатто симҳои электрикӣ аз девор канда шудаанд”.
Муовини вазири иқлим ва муҳити зисти Лаҳистон Эдвард Сярка дар дар Скубианка гуфтааст, ки ҷониби Лаҳистон тасмим гирифтааст, созишномаи иҷораи заминро бо русҳо ба далели напардохтани иҷорапулӣ дар ҳаҷми 12 000 злотӣ дар як моҳ, тақрибан 2500 доллар ба таври якҷониба лағв кунад.
Ба гуфтаи Эдвард Сярка, бо вуҷуди зангҳои чандинкарата, сафорати Русия биноро холӣ накардааст, аз ин рӯ, ҷониби Лаҳистон раванди тасарруфи амволро оғоз кардааст.
Дар ҳамин ҳол Сафири Русия дар Лаҳистон Сергей Андреев ба хабаргузории гуфта, ки маркази фароғатӣ корношоям аст ва аз аввали сол ба ин сӯ аз ҷониби дипломатҳои рус истифода нашудааст. Вай ҳамчунин таъйид кард, ки Русия пули иҷораи ин биноро намепардозад, зеро Варшава ҳисобҳои сафоратро масдуд кардааст.
Гуфта мешавад, ҳудуде, ки сафорати Русия аз солҳои 1980-ум ба иҷора гирифта буд, тақрибан 6 гектарро ташкил медиҳад, ки ду меҳмонхона, ду вилла ва ҳашт котеҷро дар бар мегирад.