Рубрики Хабарҳо

Сумангул Тағойзода муовини раиси Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ интихоб шуд

Дирӯз 10 ноябри соли 2022 дар Қасри Таврияи Санкт Петербург ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонӣ оид ба сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсони ИДМ баргузор шуд.

Тавре хабаргузории иттилоъ медиҳад, дар ин ҷаласа Низомӣ Сафаров, узви кумитаҳои сиёсати ҳуқуқӣ ва сохтмони давлатии Ҷумҳурии Озарбойҷон, оид ба мудофиа, амният ва мубориза бо коррупсия, дубора раиси Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ интихоб шуд. Комиссия инчунин муовинони раисро интихоб кард.

Сумангул Тағойзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва тандурустӣ муовини раиси Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ интихоб шуд.

Ҳамчунин Нарек Зейналян, раиси Кумитаи доимии Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон оид ба масъалаҳои тандурустӣ  ва Наталя Полуянова, вакили Думаи давлатии Федератсияи Русия муовинони дигари раис интихоб шуданд.

Шурӯъ аз соли ҷорӣ роҳбарияти комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ба муддати се сол интихоб карда мешавад. Пеш аз ин  ҳар сол интихоботи ҳайати роҳбарии Ассамблея баргузор мешуд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *