Боз дар як вилояти дигари Русия, ки аз қабулкунандаҳои муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ маҳсуб меёбад, аз оғози соли оянда нархи патент 15% зиёд мешавад.
Ҳукумати вилояти Перм пешниҳоди болоравии нархи петентро ба Маҷлиси қонунгузор пешниҳод кардааст.
Бар асоси пешниҳоди мақомоти минтақа, арзиши патенти кор барои муҳоҷирон аз соли 2023 ҳудуди 15% боло рафта, аз 4 ҳазору 100 рубли феълӣ то 4 ҳазору 700 рубл хоҳад расид.
Ба гуфтаи масъулини ин вилоят, чунин тадбир даромади хазинаи вилоятро 103 млн рубл афзоиш медиҳад.
Мақомоти Перм мегӯянд, дар 9 моҳи аввали соли 2022 даромади буҷаи вилоят аз фурӯши патент қариб 368 млн рублро ташкил додааст, ки ин нишондод дар соли 2023 ба 596 млн рубл баробар хоҳад шуд.