Бар асоси қарори мақомоти ҷумҳурии Бошқирдистони Русия арзиши патенти корӣ барои муҳоҷирон дар соли 2023 афзоиш хоҳад ёфт
Тавре нашрияи «Коммерсант» иттилоъ медиҳад, вакилони Маҷлиси давлатии Бошқирдистон аллакай ба қонун «Дар бораи муқаррар намудани шохисе, ки хусусияти минтақавии бозори меҳнатро инъикос мекунад» тағйирот ворид карданд, ки ба арзиши патент барои муҳоҷирон дахл дорад.
Тибқи тағйирот, нархи патент дар соли 2023 аз 4 ҳазору 400 рубл ба 4 ҳазору 700 рубл афзоиш хоҳад ёфт.
Ба гуфтаи муовини вазири оила, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, Олга Кабанова ин иқдом «ҳифзи шаҳрвандони Русия дар бозори меҳнат бо аз байн бурдани имкони истифодаи нерӯи кории арзонтарро таъмин мекунад”.
Ин дар ҳолест, ки қаблан бар асоси қарори мақомоти вилояти Перм, арзиши патенти кор барои муҳоҷирон аз соли 2023 ҳудуди 15% боло рафт.
Ахиран шаҳрдори Маскав, Сергей Собянин низ арзиши патентро барои муҳоҷирони корӣ дар соли 2023 тасдиқ кард. Бар асоси қарори шаҳрдорӣ, соли оянда муҳоҷиронро зарур меояд, барои патент моҳе 6ҳазору 600 рубл пардохт намоянд.