Рубрики Хабарҳо

Маросими ифтитоҳи Ҷоми ҷаҳонии Қатар бо қироати Қуръон

Маросими ифтитоҳи Ҷоми ҷаҳонии 2022 бо ҳузури амири Қатар, раиси федератсияи ҷаҳонии футбол — FIFA ва ҳамчунин сарони чандин кишвари арабии минтақа дар варзишгоҳи Ал-Ббият дар шаҳри Ал Ҳури Қатар баргузор шуд. 

Ин маросим, ки афроде чун Муҳаммад ибни Салмон валиаҳди Арабистони саудӣ, Абдуллоҳ дувум подшоҳи Урдун ва Абдулфаттоҳ Сисӣ раисҷумҳури Миср низ ҳузур доштанд бо намоиши корвонҳое аз шутурҳо ба ҳамроҳи гурӯҳе, ки либоси суннатии арабӣ ба тан доштанд шурӯъ шуд. Аз нукоти қобили таваҷҷуҳ нишастани раҳбарон дар канори якдигар буд ба тавре, ки курсии Муҳаммад ибни Салмон дар канори Ҷанни Инфантино қарор дода шуда буд. Ҳамчунин шайх Тамим ибни Ҳамд ибни Халифа, амири Қатар дар канори падараш Ҳамд ибни Халифа ва раиси FIFA дар марказ нишаста буд. 

Дар идома бо қироати оёте аз Қуръон аз тарафи қории маъюб Ғоним Мифтоҳ ва бо ҳузури Морган Фриман, бозигари саршиноси Ҳоливуд бахши дигаре аз маросими ифтитоҳияи Ҷоми ҷаҳонии 2022 оғоз шуд. 

Оёте, ки қироат шуд ин буд: يَا أَيُّهَا النَّاسُ إِنَّا خَلَقْنَاكُمْ مِنْ ذَكَرٍ وَأُنْثَى وَجَعَلْنَاكُمْ شُعُوبًا وَقَبَائِلَ لِتَعَارَفُوا إِنَّ أَكْرَمَكُمْ عِنْدَ اللَّهِ أَتْقَاكُمْ إِنَّ اللَّهَ عَلِيمٌ خَبِيرٌ “Эй инсонҳо! Мо шуморо аз як марду зан офаридем ва миллатҳо ва қабилаҳо қароратон додем, то якдигарро бишносед. (Бидонед) гиромитарини шумо назди Худо парҳезкортарини шумост! Худо доно ва огоҳ аст.” (Ҳуҷурот, 13)

Дар бахши дигаре аз ин маросим гурӯҳе аз мардон бо либосҳои сурхранг ба васати стадион омаданд ва ҳамзамон бо пахши бахшҳое аз таронаҳои машҳури ҷомҳои ҷаҳонии қаблӣ, ки аз сӯи хонандагоне чун Шакира, Ҷинифер Лопез ва Рики Мартин хонда шуда буд, маросими рақсеро иҷро карданд. Намоиши намодҳое аз Ҷоми ҷаҳониҳои қаблӣ аз дигар бахшҳои ин маросими ифтитоҳ буд. 

Режаи мардон ҳамроҳ бо рақси шамшери онҳо дар канори шутурҳо аз бахшҳои дигари ин маросими ифтитоҳияи Ҷоми ҷаҳонӣ буд, ки комилан рангу бӯи арабӣ ва Ховари миёнаӣ дошт. 

Шамоили бузурге аз лигаи рақобатҳои Ҷоми ҷаҳонии 2022 ба номи Лейб низ дар стадион ба намоиш даромад. 

Ҳамон тавр, ки аз пеш эълом шуда буд, Ҷонг Кук, хонандаи гурӯҳи BTS иҷрои мусиқии зинда дар ин маросимро бар ӯҳда гирифт ва дар идомаи Фаҳд Алкабисӣ хонандаи қатарӣ ҳам ба ӯ пайваст то таронаеро ба сурати муштарак барои ҳозирон дар варзишгоҳ ва ҳамчунин миллионҳо бинандаи телевизионӣ дар саросари ҷаҳон иҷро кунанд. 

Пас аз поёни пахши мусиқӣ, амири Қатар дар суханронии кӯтоҳе ба ҳозирон дар ин рӯйдоди ҷаҳонӣ хушомад гуфт ва ибрози умедворӣ кард ҷаҳон шоҳиди як рӯйдоди футболи ҳаяҷонангез бошад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *