Рубрики Хабарҳо

Бародари Ҳасан Асадуллозода даргузашт

Додарарӯси раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон — Ҳусейн Асадуллозода, ки гуфта мешавад 54 сол доштааст, дар Эрон даргузаштааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ иттилоъ дода менависад, ки  ҷасади асадуллозодаро имрӯз ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд.

Тибқи иттилоъи манбаъ, Ҳусейн Асадуллозода аз бемории қалб ранҷ мекашид ва ду ҳафта пеш ӯро барои табобат ба Эрон бурда буданд.

Ҳоло дар зодгоҳаш маҳаллаи “Чапаев”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба маросими хоксупориаш омодагӣ мегиранд. 

Ҳусейн, яке аз бародарони дугоники Азизамоҳ Асаддулозода, ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон аст. Аз ин бародарони дугоник бештар Ҳасан Асадуллозода, ки молики “Ориёнбонк”, ширкати ҳавопаймоии “Сомон-эйр” ва даҳҳо корхонаҳои хурду бузург мебошад, шинохта аст.

Ҳусейн Асадуллозода, раиси ширкати “Нафтрасон” дар ноҳияи Леваканд, Сарбанди собиқ будааст. Ин ширкат бештар ба фурӯши маҳсулоти нафтӣ дар Хатлон машғул будааст. Дар бораи фаъолият ва кори ӯ маълумоти кам мавҷуд аст, вале фарзандони дигари ин хонавода тиҷорату мансабҳои муҳим доранд.

Амонулло Асадуллоев фарзанди дигари ин хонавода дар ширкати “Барқи Тоҷик” масъулияти баланд дошт, ҳоло раҳбари ширкати “Сомон Суғд” аст ва Амирулло Асадулло, додарарӯси дигари президент, раиси шаҳри Бохтар (Қурғонтеппаи пешин) буд. Пайвандони дигари ӯ ба тиҷорат машғуланд ва аз нуфузи вижа бархӯрдоранд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *