Рубрики Хабарҳо

Даромади $260-млн.ии операторони алоқа дар 9 моҳ

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2022 даромади операторони алоқаи Тоҷикистон 2 млрд 644 млн сомонӣ, ҳудуди 260 млн долларро ташкил додааст.  

Тавре Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад. ин нишондиҳанда 14,4% ё худ 332 миллиону 400 ҳазор сомонӣ, баробари 32 миллиону 600 ҳазор  доллар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 дар ифодаи номиналӣ мебошад.

Аз ҷумла, даромади оператори миллии алоқаи “Тоҷиктелеком”, Корхонаи Воҳиди Давлатии “Почтаи Тоҷик” ва воҳидҳои сохтории Хадамоти алоқа дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ 4,6% афзуда, 146 млн сомониро ташкил доданд.

Операторотони хусусӣ, ки 94,5%-и бозори алоқаи кишвар ба онҳо рост меояд, дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ 2 млрд 172 млн сомонӣ пул кор кардаанд, ки 15% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 аст.

Шумори корбарони Интернет то 1-уми октябри соли 2022 ҳудуди 3 миллиону 600 ҳазор нафар ва муштариёни алоқаи мобилӣ беш аз 6 миллиону 400 ҳазор нафарро ташкил дод, ки 5,5 млн нафарашон муштариёни фаъол мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, дар радабандии навшудаи аз рӯи суръати интернети васеъхати сабтшуда байни 180 кишвари ҷаҳон Тоҷикистон дар зинаи 116-ум қарор дорад. Аз рӯи суръати интернети мобилӣ бошад, Тоҷикистон миёни 141 кишвар аз охир дар зинаи 4-ум қарор дорад. Поинтар аз Тоҷикистон танҳо Венесуэла, Афғонистон, Куба ва Гаити ҷойгир шудаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *