Рубрики Хабарҳо

Илон Маск ба арзиши $3.58 млрд саҳоми ширкати «Тесла»-ро фурӯхт

Рейтерз бо истинод ба як “парванда”-и мутааллиқ ба Иёлоти муттаҳидаи Амрико, гузориш дод, ки Илон Маск, мудири иҷроии ширкати Тесла, 22 миллион саҳм ба арзиши 3.58 миллиард доллар аз саҳоми худ дар ин ширкатро фурӯхтааст. 

Маск дар ҳоли ҳозир 13.4 дарсад саҳоми ин ширкати созандаи мошинҳои электирикиро дар ихтиёр дорад. 

Молики Твиттер дар як соли гузашта ба арзиши 40 миллиард доллар аз саҳоми худ дар ширкати Тесларо ба фурӯш расондааст. 

Пештар шуморе аз сармоягузорон бо изҳори нигаронияшон аз хариди Твиттер тавассути Илон Маск, гуфта буданд, ки тамаркузи Маск бар Твиттер боиси коҳиши арзиши саҳом дар Тесла шудааст. 

Арзиши саҳоми Тесла дар соли 2022 беш аз 60 дарсад коҳиш ёфтааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *