Тоҷикистон аз қатъномаи Русия дар СММ дар бораи мубориза бо ситоиши миллатгароӣ пуштибонӣ кард.
Гуфта мешавад дар маҷмӯъ, 120 кишвар ба ҷонибдории лоиҳаи қатъномаи Русия дар СММ овоз доданд. Аз идеяи Федератсияи Русия 50 кишвар, аз ҷумла ИМА, Полша, Олмон, Финландия, Италия ва Украина пуштибонӣ накарданд ва зид овоз доданд.
10 кишвари дигар «бетараф» монданд. Дар байни онҳо Туркия, Швейтсария, Ҷумҳурии Корея, Афғонистон ҳастанд.
Сухан дар бораи қатъномаи «Мубориза ба муқобили қаҳрамонтарошии миллатгароён, неонатсизм ва дигар амалияҳое, ки ба вусъати шаклҳои нажодпарастӣ, табъизи нажодӣ, бегонапарастй ва оштинопазирии ба он вобаста мусоидат мекунанд», меравад.
Муаллифони қатънома ҳодисаҳоеро, ки бо тараннум ва тарғиби миллатгароӣ алоқаманданд, катъиян махкум мекунанд.
Дар ин қатънома ба давлатҳо тавсия дода мешавад, ки мувофиқи ӯҳдадориҳои байналмилалии худ оид ба ҳуқуқи инсон дар соҳаи қонунгузорӣ ва таълим чораҳои мушаххас андешанд.
Аз кишварҳо тақозо мешавад, ки ҳама шаклҳои табъизи нажодиро аз байн баранд.