Рубрики Хабарҳо

Афзоиши буҷаи НАТО бо идомаи ҷанг дар Укроин

Кишварҳои узви НАТО бар сари афзоиши чашмгири буҷаи худ дар соли оянда ба тавофуқ расиданд. Ин афзоиш, ки бозтоби авзоъи амниятии ҷадид пас аз таҷовузи Русия ба Укроин аст шомили буҷаи низомӣ ва ғайринизомии ин Созмон мешавад. 

Авзоъи амниятии ҷаҳон пас аз ҳамлаи Русия ба Укроин Созмони паймони Атлантики шимолӣ (НАТО)-ро ба афзоиши буҷа водоштааст. 

Ин Созмон, ки кишварҳои узви он бо таҳдиди возеҳе аз сӯи Русия рӯ ба рӯ шудаанд, буҷаи худро дар соли оянда афзоиш бахшидааст. Буҷаи ғайри низомӣ бо ҳудуди 28 дарсади афзоиш ба 370.8 миллион ва будҷаи низомӣ бо ҳудуди 26 дарсади афзоиш ба 1.96 миллиард евро хоҳад расид. 

Истиқболи дабири кулли НАТО 

Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО аз афзоиши буҷа истиқбол карда ва мегӯяд, ин тасмим “баёни дақиқи сатҳи болотари ҷиддият”-и ин Созмон барои расидан ба аҳдофе аст, ки бар сари онҳо дар нишасти сарони НАТО дар Мадрид дар моҳи июн тавофуқ ҳосил шуд. 

Столтенберг меафзояд, танҳо ба сурати муштарак метавон ба ҳифзи амнияти ҳудуди як миллиард ҷамъияти кишварҳои узви ин Созмон дар “ҷаҳони пурхатар” кумак кард. 

Дар ҳоли ҳозир буҷаи низомӣ ва ғайри низомии ин Созмон бар ҳудуди 1.8 миллиард евро болиғ мешавад, ки ин миқдор дар муқоиса бо ҳазинаҳои дифоъии тактаки кишварҳои узв бисёр ночиз аст. 

Тибқи асноди ин эътилофи низомӣ, охирин бор мизони ин ҳазинаҳо танҳо дар Иёлоти муттаҳида 822 миллиард доллари Амрико (769 миллиард евро) ва дар Олмон низ 55.6 миллиард евро гузориш шудааст. 

Олмон ва Амрико ӯҳдадори бештарин саҳм 

Олмон ва Амрико дар ҳоли ҳозир бештарин саҳми ҳазинаҳои муштараки НАТО-ро бар дӯш мекашанд. Саҳми ҳар кадом аз ин ду кишвар аз ҳазинаҳо ҳудуди 16.3 дарсад аст, ки ба маънои ҳудуди 400 миллион евро барои ҳар кишвар дар соли 2021 аст. 

Доналд Трамп, раисҷумҳури пешини Амрико боис шуд, ки дар ин ҳазинаҳо бознигарӣ шавад ва мутаоқиби он саҳми Амрико ба сурати возеҳи коҳиш ва саҳми Олмон афзоиш ёбад. Трамп доиман интиқод мекард, ки муттаҳидони аврупоӣ, назири Олмон барои ин дифоъи муштарак саҳми каме мепардозанд. 

Тибқи тавофуқи нишасти НАТО дар Мадрид, қарор аст, ки будҷаи ин Созмон то соли 2030 боз ҳам афзоиш ёбад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *