Рубрики Хабарҳо

Ҳукми Абдуллоҳ Ғурбатӣ бетағйир монд

Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми 7,5 соли зиндони Абдуллоҳ Ғурбатӣ, яке аз рӯзноманигорони маҳкумшудаи тоҷикро бетағйир гузошт. Мурофиа имрӯз, 16-уми декабр, дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО), бидуни ширкати наздикону пайвандони маҳкумшуда, баргузор гардид.

Дар мурофиа танҳо вакили дифоъи ӯ роҳ ёфтааст, иттилоъ медиҳад “Азия Плюс” бо истинод ба яке аз наздикони Абдуллоҳ Ғурбатӣ.

“Додрас ҳукми то 7, 5 соли зиндони Додгоҳи ноҳияи Шоҳмунсурро нисбати Абдуллоҳ Ғурбатӣ бетағйир гузоштааст. Ҳарчанд аз ҷониби вакили дифоъ ваҷҳҳои зарурӣ пешниҳод карда шуд, вале тавре ба назар мерасад, додрас онро ба назар нагирифтааст”, — гуфтааст яке аз наздикони Абдуллоҳ Ғурбатӣ.

Абдураҳмон Шарипов, вакили дифои Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар шарҳи қарори Додгоҳи шаҳри Душанбе гуфтаст, ки «пас аз қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди шаҳри Душанбе, ҳукм қувваи қонунӣ гирифт ва ба иҷро даромад. Дар рӯзҳои наздиктарин Авазмад Ғурбатов (Абдуллоҳ Ғурбатӣ) ба макони адои ҷазо  (зиндон) интиқол дода мешавад”.

Ҳамчунин, вакили дифоъ афзудааст, ният доранд аз болои қарори суди мазкур ба зинаҳои болоии додгоҳӣ шикоят баранд.

Рӯзи 4-уми октябри соли равон Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур Абдуллоҳ Ғурбатиро бо се моддаи Кодекси ҷиноятӣ гунакҳор дониста, барои 7,5 сол равонаи зиндон кард. Баъди 10 рӯзи гузаштан аз ҳукми суд ва пайдо кардани баҳои ҳуқуқӣ Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, ки барои Абдуллоҳ Ғурбатӣ вакили дифоъ ҷудо карда буд, аз болои он ба Додгоҳи шаҳри Душанбе шикояти кассатсионӣ карданд. 

Ёдовар мешавем, ки Абдуллоҳ Ғурбатӣ яке аз чор журналистони боздоштшудаи тоҷик аст. Ӯ замоне боздошт гардид, ки дар робита ба парвандаи Далери Имомалӣ, блогер ва рӯзноманигори маҳкумшудаи тоҷик ба додситони ноҳияи Шоҳмансур даъват гардида буд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *