Илон Маск, мудиромили ҷадиди Твиттер, ки истеъфояш аз ин мақомро худ дар ин шабакаи иҷтимоӣ ба раъй гузошта буд, бо посухи мусбати аксарияти корбарон мувоҷеҳ шудааст. Маск дар твиияти раъйгирӣ гуфта буд, аз раъйи ниҳоӣ тобеият хоҳад кард.
Дар раъйгирии твитерӣ, ки Илон Маск, мудиромили Твиттер онро то баъд аз зуҳри душанбе 19 декабр ба по кард, аксарият ба истеъфои ӯ аз мудиромилии ин шабакаи иҷтимоӣ раъй додаанд.
Мизони ироаи мувофиқи хурӯҷи ӯ 57,5 дарсад аст. 42 ним дарсад низ моиланд ӯ ҳамчунон мудироомил боқӣ бимонд. Мудиромили 51 солаи ширкати Тесла дар ҳамин твит қавл дода, дар сурати мувофиқати корбарон, аз мудиромилии Твиттер канора бигирад.
Маск дар мавриди замони хурӯҷ аз ин пост сухане ба миён наоварда, танҳо ба саволи яке аз корбарон дар мавриди ҷонишини эҳтимолии худ ин посухро дода, ки “ҷонишине вуҷуд надорад.”
Мавҷи интиқод аз тағйироти Твиттер
Баъд аз он ки ин шабакаи онлайн эълом кард, ки ба корбаронаш иҷоза намедиҳад дар паёмҳои худ барои платформҳои рақиб аз ҷумла Фейсбук, Инстаграм ё Мастодон таблиғ кунанд, селе аз норизоятӣ ва гила мутаваҷҷеҳи Маск шуд. Ин иқдом ҳамчунин тӯфоне аз хашм дар маҳофиле ба роҳ андохт, ки қаблан ба ҳимоят аз иқдомоти молики ҷадиди Твиттер бархоста буданд.
Нуктаи пурсишбарангез дар ин тасмим он аст, ки маҳдудиятҳо шомили ҳамаи платформҳо намешавад аз ҷумла Линкедин ё Тик-Ток.
Баъд аз вокунишҳои хашмолуд, Маск дар паёме изъон кард, ки дар маҳдудиятҳои озодии баён беш аз ҳадд пеш рафта ва қавл дод, ки бидуни машварат бо корбарони Твиттер, дигар тағйироти густурдаеро дар қавонини ин платформ аъмол накунад. Ў навишт: “маъзарат мехоҳам. Дигар такрор намешавад.”
Баъд аз ин твит буд, ки Маск идеяи назарсанҷиро матраҳ кард ва ин зарбулмасалро илова кард: “ҳавои оризуҳоиятро дошта бош шояд ба онҳо бирасӣ.”
Таълиқи муваққати ҳисоби рӯзноманигорон
Ахиран ин сервиси онлайн бо масдуд кардани ҳисобҳои корбарии чандин рӯзноманигори барҷастаи амрикоӣ, ки алайҳи Маск гузориш медоданд, сару садо ба по карда буд. Ба гуфтаи ин афрод, масдуд кардани ҳисобҳо бидуни ҳушдор анҷом гирифт. Як намунаи шохис аз тасмимгириҳои Маск, бастани ҳисоби корбарии фарде буд, ки парвозҳои ҳавопаймои шахсии ӯро пайгирӣ мекард..
Аксари акаунтҳо акнун дубора фаъол шудаанд аммо интиқодот аз ин равия идома дорад. Дар пайи ин моҷаро, бисёре аз корбарони рақиби Твиттер Mastodon-ро ба унвони як ҷойгузин таблиғ карданд.
Қаҳрамони худхондаи озодии баён
Маск дар моҳи октябр моликияти Твиттерро бар ӯҳда гирифт. Дар гузашта ӯ ҳамеша худро ба унвони қаҳрамони озодии баён муаррифӣ мекард аммо дар ниҳоят теорияҳои тавтеъаро дар Твиттер тарвиҷ кард ва аз ин платформ барои таблиғи ҷумҳурихоҳони Амрико низ истифода кард.
Ин сервиси онлайн дар солҳои ахир ба як платформи иртиботии бисёр муҳим табдил шудааст. Давлатҳо, мақомот ва сиёсатмадорон низ аз Твиттер барои корҳои равобити умумии худ дар саросари ҷаҳон истифода мекунанд.