Рубрики Хабарҳо

Мутахассисони рус кишоварзони тоҷикро омӯзиш доданд

Мутахассисони рус барои кормандони соҳаи кишоварзии Тоҷикистон давраҳои омӯзишӣ гузарониданд ва қаблан як гурӯҳи кишоварзони ҷумҳурӣ ба Русия сафар карда, панҷ созишномаи ҳамкорӣ бастанд.

Ду мутахассис ба деҳқонони тоҷик дар бораи усулҳои пешқадами хоҷагидорӣ нақл карданд. Онҳо барои кишоварзон ва агрономҳо дар ноҳияи Рашт ва Кӯлоб тренингҳо гузарониданд.

Илова бар ин, ахиран як гурӯҳи мутахассисони тоҷик аз бахши кишоварзӣ барои омӯзиш ва такмили ихтисос ба вилоятҳои Маскав ва Рязани Русия сафар карданд.

Кормандони кишоварзии Тоҷикистон бо технологияҳои инноватсионии сарфакунанда ва муҳофизаткунандаи обу хок, навовариҳо дар соҳаи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, усулҳои пешқадами истеҳсоли кишоварзӣ шинос шуданд. Дар ҷараёни сафар панҷ ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расида, дар бораи ҷалби донишҷӯёни тоҷик ба донишгоҳҳои вилояти Рязан, ҳамкорӣ дар пажӯҳишгоҳҳои илмии занбӯри асалпарварӣ ва асппарварӣ созишномаҳо ба имзо расидаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *