10 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Сохтмони манзил афзудааст, аммо ҳанӯз ҳам кишвар дар зинаи охир

Дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 1 млн 174ҳазору 700 метри мураббаъ манзил сохта шудааст, ки 23,7% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.

Аммо, таъмини аҳолӣ бо манзил дар кишвар ба ҳисоби миёна 10,9 метри мураббаъ ба як нафарро ташкил медиҳад, ки 8,23% камтар аз меъёри иҷтимоии муқарраркардаи қонунгузории манзил барои як кас мебошад. Таъмини аҳолӣ ба манзил  аз рӯи сатҳи миёна мебоист 12 метри мураббаъ ба як нафарро ташкил медод. Соли гузашта дар Тоҷикистон ин меъёр 23% поинтар буд.

Ба ин тариқ, Тоҷикистон аз рӯи сатҳи таъмини аҳолӣ бо манзил миёни кишварҳои ИДМ дар зинаи охир қарор дорад.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *