Рубрики Хабарҳо

Ожонси байналмилалии энержӣ: масрафи ангиштсанг дар соли ҷорӣ ба болотарин ҳадди худ мерасад

Бар асоси гузориши Ожонси байналмилалии энержӣ масрафи ҷаҳониӣ ангиштсанг афзоиши 1.2 дарсадӣ дар соли ҷорӣ ба болотарин ҳадди худ мерасад. 

Ин иттифоқ дар замони навасонҳо (болову поинравӣ) ва набудани итминон дар бозорҳои ҷаҳонии энержӣ дар ҳоли вуқӯъ аст. Тибқи гузориши Ожанси байналмилалии энержӣ ҳамлаи Русия ба Укроин дар феврали 2022 ба “афзоиши тиҷорати ангиштсанг, сатҳи қиматҳо ва пешниҳоду талаботро дар соли 2022 расонидааст”. 

Ожонси байналмилалии энержӣ дар гузориши худ дар бораи масрафи ангиштсанг навишт: “бозорҳои ангиштсанг дар соли 2022 бо халал ворид шудан дар ҷараёнҳои тиҷорати суннатӣ, афзоиши қиматҳо ва рушди талабот дар сатҳи 1.2 дарсад мутазалзил шудааст. Масрафи ангиштсанг ба болотарин сатҳи таърихӣ расида ва барои аввалин бор аз марзи 8 миллиард тонн фаротар рафтааст.” 

Ин ожонс таъкид кард, ки қимати сӯхтҳои ихроҷшавнада дар соли ҷорӣ рушди қобили таваҷҷуҳе дошта ва “қимати гази табиӣ ҳам шадидтарин афзошро нишон медиҳад”. Рушди қимати гази табиӣ боис шуда, ки мавҷе аз масрафи газ ба самти гузинаҳои рақобатитар аз ҷумла ангиштсанг биравад. 

Ҳоло бо афзоиши тақозои ангиштсанг, вазъият печидатар шудааст. Аммо Ожонси байналмилалии энергӣ таъкид кард, ки “қиматҳои болотари ангиштсанг, афзоиши энержиҳои таҷдидпазир, заъиф шудани рушди иқтисоди ҷаҳонӣ боиси коҳиши талаботи куллии ангиштсанг дар соли ҷорӣ мешавад.” 

Тибқи ин гузориш, истифода аз ангиштсанг дар тавлиди барқи имсол каме беш аз 2 дарсад афзоиш хоҳад ёфт. Дар муқобил, истифода аз ангиштсанг дар саноъат беш аз як дарсад коҳиш меёбад, ки ин коҳиш ба далели тавлиди камтари фӯлоду оҳан будааст. 

Кейсука Садамори, мудири бозорҳои энержӣ ва амнияти Ожонси байналмилалии энержӣ дар баёнияе гуфт: “ҷаҳон ба авҷи масрафи сӯхти ихроҷшаванда наздик шудааст. Тақозои ангиштсанг зиёд аст ва эҳтимолан имсол ба болотарин ҳадди худ хоҳад расид ва интишори газҳои гулхонаиро афзоиш хоҳад дод.” 

Ожонси байналмилалии энержӣ пешбинӣ мекунад, ки тақозои ҷаҳонии наздик ба сатҳи 8 миллиард тонн ангиштсанг дар соли 2022 то соли 2025 ҳам афзоиш ёбад. Аммо бо таваҷҷуҳ ба буҳронҳои энержии феълӣ, коҳиши рушд ё рукуд ҳам имконпазир аст. 

Бар асоси гузориши Евростат, Русия дар соли 2021 бузургтарин таъминкунандаи гази табиӣ ва нафти Иттиҳодияи Аврупо будааст. Содироти гази Русия ба Иттиҳодияи Аврупо дар соли ҷорӣ коҳиш ёфта ва иқтисодҳои бузурги аврупоиро бар он дошта то барои таъмини манобеъи сӯхт барои моҳҳои сардтар талош кунанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *