Ӯ бо 5 забон ҳарф мезанад. Бо чандин созмони ҳуқуқи башари байналмиллалӣ ва дафтархои дипломатӣ иртибот дорад. Бо расонаҳои маъруфе чун “Анадолу Оҷонси (Anadolu Ajansi), Мавҷи Олмон (Deutsche Welle), Кабар Азия (Cabar Asia) ва Институти инъикоси Ҷанг ва сулҳ (IWPR) ҳамкорӣ кардааст. Замоне, ки дар кишвар қарор дошт ва ҳанӯз ба “душмани миллат” табдил нашуда буд, дар маъруфтарин расонаҳо аз қабили Азия Плюс, Озодагон, Имрӯз фаъолият намудааст. Ва ҳоло дар рӯйхати нафарони муртабит бо терроризми Бонки миллии Тоҷикистон қарор гирифта. Таҳти рақами 1641.
Ба рӯйхати нави нафарони иртиботдошта бо терроризми Бонки миллии Тоҷикистон ҳади ақал 7 рӯзноманигор ворид шудаанд, ки яке аз онҳо Ҳумайро Бахтиёр аст. Худи ӯ саббаи дар рӯйхат қарор гирифтанашро дар ин мебинад, ки дигар аз ӯ “мақомот умедашонро кандаанд”.
– Тақрибан ду сол мешавад, ки мақомот кӯшиш кард фаъолияти маро камтар гардонад, мегӯяд Ҳумайро. – Аз усулхои мухталиф кор гирифтанд. Нахуст, бо таҳдидҳо аз тарафи анонимхо, ки “ҳатман маро пайдо хоханд кард”. Дертар тавассути баъзе дӯстону ошноён бо даъват барои зиндагии ором, дур будан аз ҳама фаъолиятҳои иҷтимоӣ, робита надоштан бо намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои дар Аврупо буда, хоссатан ҲНИТ. Усули баъдиашон роҳандозии як барномаи бадномсозӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ тавассути шахсиятҳои воқеъӣ.
Ӯ мегӯяд, ҳарчанд таҳаммули ин ҳама осон нест, аз вокуниш ба ин тӯҳматпароканиҳо худдорӣ кардааст, чун сарфи беҳудаи вақт аст.
– Қадами баъдии мақомот ин зери фишор қарор додани хонавода буд. Бояд гӯям, ки тасаввури таҳти фишору таҳқир қарор гирифтани хонавода танҳо ба хотири фаъолиятҳои ман, сахт аст – изҳор дошт рӯзноманигор. – Тавассути падарам хеле кӯшиданд маро мутақоид кунанд. Даъватхояшон гуногун буд – баргаштан; дар Урупо будан ва ҳеҷ робитае надоштан бо мухолифин; ширкат ё суханронӣ накардан дар ҳамоишҳо; дар фейсбук чизе нанавиштан; барои худ ором зиндагӣ кардан.
Хумайро Бахтиёр дар фаъолиятҳои худ Ифтихорномаи Парлумони Тоҷикистон барои инъикоси фаъолияти Маҷлиси намояндагон (2011) Ҷоизаи Медиа Алянс барои ҷасорати рӯзноманигорӣ (2012) ҷойи аввал ҳамчун беҳтарин инъикосгари интихоботи президентии соли 2013 аз тарафи Институти инъикоси Ҷанг ва сулҳ ва Интернешнл Медиа Сапорт (International Media Support) Ҷоизаи Бюро оид ба ҳуқуки башар барои мавқеъи фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ дар журналистика (2014) ва ҷоизаи саввуми инъикоси масоили ифротгароӣ ва радикализм дар ҷомеаро аз тарафи Институти Ҷанг ва сулҳ ба даст овардааст. Соли 2016 баъд аз фишорҳои чандинсолаи мақомот, аз ҷумла талоши зарари ҷисмонӣ расонидан ва ё одамрабоӣ дар тирамоҳи соли 2015, тарки кишвар кардааст.
Дар конфронси САҲА дар Варшава, ки сентябри соли ҷорӣ баругзор шуд, Ҳумайро ду суханронӣ дошт: Аввал дар бораи озодии баён дар Тоҷикистон, ки дар он аз кишварҳои узви САҲАву ҷомеаи байналмиллалӣ даъват кард мақомоти тоҷикро барои истифода накардан аз аъзои хонаводаи фаъолони сиёсиву мухолифон ба унвони василаи фишору назорат водор созанд. Мавзӯъи дуввум: Рӯзноманигорони тоҷик дар куҷо эҳсоси амн хохад дошт. Гуфта буд дар хориҷ аз кишвар ҳам мақомот талош доранд фаъолияти рӯзноманигорони озодро маҳдуд кунад ва дар сурати ҷавоби рад гирифтан аз онҳо, парвандаи ҷиноӣ ҳам боз мекунанд.
Ҳумайро бар ин назар аст, ки фишорҳои зиеди мақомот рӯзноманигорони тоҷикро ба худсонсурӣ маҷбур кардааст: “агар фишору таҳдиду таҳқирро усули “маъмулӣ”-и кори мақомот донем, ворид кардани ҳамкасбон ба феҳрасти алоқамандон бо терроризм кори соддае нест”.
“Мутаасифона, – мегуяд ӯ, – рӯзноманигорони тоҷик тақдири ҳамкасбони худро нодида мегиранд ва бо ин роҳ оддитарин меъёрҳои ҳамрайъиро иҷро намекунанд. Ҳол он, ки агар як рӯзноманигор дар Русияву Афғонистон таҳти фишор қарор бигирад, садояшон то фалак мерасад. Албатта мавқеъгирӣ дар баробари рӯзноманигорони хориҷӣ вазифаи ҷониву касбӣ аст. Лекин на бо чашм пӯшидан ба мушкили ҳамкасби ватании худ, чун ин танҳо худфиребӣ ва хокпошӣ ба чашми ҷомеъа аст.