Рукуди иқтисодӣ ва чаҳор сенария барои беҳбуди иқтисоди ҷаҳон
Карантини хонагӣ ва маҳдудияти фаъолитҳои иқтисодӣ дар баъзе кишварҳо ба тадриҷ коҳиш меёбад ва талош барои роҳандозии муҷаддад баъзе касбу корҳо оғоз мешавад.
Сандуқи байналмилалии пул пешбинӣ кардааст, ки нархи рушди иқтисоди ҷаҳон дар соли ҷорӣ ба манфӣ 3 дарсад бирасад, ки дуруст дар нуқтаи муқобили 3 дарсад рушди мусбате аст, ки қабл аз шуйӯъи коруно пешбинӣ карда буд.
Ба иборати дигар, мардуми дунё бо шадидтарин коҳиши иқтисодӣ аз замони рукуди бузурги даҳаи 1930 мувоҷиҳ ҳастанд. Аммо ин коҳиш чӣ муддат ба тӯл хоҳад анҷомид? Ва масири бозгашти беҳбуд ба иқтисоди ҷаҳон ба шакл хоҳад буд?
Бисёре аз кишварҳо истилоҳи рукудро барои шароите ба кор мебаранд, ки тавлиди нохолиси миллӣ барои ду давраи се моҳа мутаволии манфӣ бошад.
Идораи миллии таҳқиқоти иқтисодии Амрико рукудро “коҳиши қобили таваҷҷӯҳи фаъолиятҳои иқтисодӣ дар саросари иқтисоди миллӣ, ки беш аз чанд моҳ ба тӯл анҷомад ва асори он маъмулан дар тағйирот дар арзиши ҳақиқии тавлиди нохолиси миллӣ ва даромадҳо, сатҳи иштиғол, тавлиди санъатӣ ва фурӯш кунад” таъриф кардааст.
Сандуқи байналмилалии пул пешбинии худро бар ин фарзи гузошта, ки ҷаҳон ҳамин ҳоло (се моҳаи дувуми соли 2020) дар ҳоли убур аз бадтарин шароити иқтисодии ношӣ аз шуйӯъи коруно аст; Ба иборати дигар, ин сандуқ умедвор аст, ки дар нимаи дувуми соли ҷорӣ, касбу корҳо ба тадриҷ аз сар гирифта шавад.
Аммо агар шароити карантин ва маҳдудияти фаъолият ба нимаи дуввуми сол ҳам кашида шавад, бисёре аз касбу корҳо амалан аз миён хоҳанд рафт ва коркунони онҳо бекор хоҳанд шуд. Дар чунин шароите рукуди пешбинӣ шуда ду баробар бадтар ва давраи беҳбуд тӯлонитар хоҳад буд.
Ба иборати дигар, мо бо рукуде мувоҷиҳ ҳастем, ки мумкин аст ашколи назири v, u, w ё l дошта бошад. Инҳо ҳуруфи алифбо ҳастанд, ки иқтисоддонҳо барои тавсифи раванди рукуд то беҳбудӣ ба кор мебаранд.
Хоза Тесада, устоди иқтисоди донишгоҳи католик дар Чилӣ, дар ин маврид ба Би Би Си гуфтааст, ки “манзур аз ин ҳуруф шакли мунҳании рушди тавлиди нохолис дохилӣ дар тӯли замон аст.”
Ин беҳтарин сенария талаққӣ мешавад, ки дар он рукуд ба шакли коҳиши сареъ буруз мекунад ва беҳбуди иқтисодӣ ҳам ба ҳамон суръат оғоз мешавад.
Ба гуфтаи профессор Тесада “дар ин ҷо назар ин аст, ки иқтисоди мавриди назар ба сатҳе аз фаъолият боз мегардад, ки ба сатҳи қаблӣ шабоҳати зиёд дорад ҳар чанд рукуд барои чанд давраи се моҳа давом дошта бошад.”
Ӯ ҳамчунин гуфта: “Агар битавонем ин бемории фарогирро ба хубӣ контрол кунем, шоҳиди рукуди навъи v хоҳем буд: Чун ба зудӣ маҳдудитҳои касбу кор лағв шуда ва рушди иқтисодӣ ба сатҳи қаблӣ боз мегардад.”
Пол Греонволд, коршиноси иқтисои аршади муассисаи радабандии ҷаҳонӣ “BSE SENSEX” дар Ню-Йорк ба Би Би Си гуфтааст: “Агар муқаррароти фосилагирии иҷтимоӣ ба суръат бардошта шавад ё воксин ё дармони муассире ба даст ояд, иқтисоди ҷаҳонӣ ба суръат ба масири қаблӣ боз хоҳад гашт.”
Муассисаи “BSE SENSEX” коҳиши муодили 9 дарсадро барои иқтисоди ҷаҳон дар се моҳаи дувуми соли 2020 пешбинӣ кардааст, ки дар чунин сурате, чашмандози беҳбуди авзоъи иқтисодӣ чандон хушбинона ва сареъ нахоҳад буд.
Муассисаи SNP пешбинӣ кардааст, ки иқтисоди ҷаҳонӣ дар кулли солии 2020 мелодӣ 2,4 дарсад рушди манфӣ хоҳад дошт ва соли 2021 5,9 дарсад рушди мусбатро таҷриба хоҳад кард.
Оқои Греонволд мӯътақид аст, ки “он чи, ки мушоҳида мешавад бештар ба рукуди навъи u мемонад дар ҳоле ки даҳонаи u бисёр боз аст яъне ин ки коҳиши иқтисодӣ умдатан ҷуброн хоҳад шуд аммо бо суръати камтар.”
Эдгар Доггер, мудири ширкати хадамоти сармоягузории “мудӣ” дар Ню-Йорк бо ин назар мувофиқ аст: Ҷадидтарин пешбинии ин ширкат ин аст, ки шуйӯъи вируси коруно дар тамоми тӯли соли 2021 ҳам ба иқтисоди ҷаҳонӣ зарба мезанад.
Ӯ дар мусоҳиба бо бахши Амрикои лотини БиБиСи ҷаҳонӣ гуфта: “Мо дар нимаи дувуми сол наметавонем коҳиши тавлид дар нимаи аввалро ба таври комил ҷуброн кунем.”
Дар айни ҳол хонум Доггер мӯътақид аст, ки “ахбори мусбате” аз Чин мерасад ҳокӣ аз ин ки раванди беҳбудии иқтисодӣ дар он кишвар ҳудуди се моҳ зудтар аз соири кишварҳо оғоз шудааст.
Ӯ гуфта: “Мо шоҳиди лағви тадриҷии муқаррароти карнтин ва маҳдудияти фаъолият дар Чин ҳастем ва корхонаҳо боз шудаанд: Гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки вобаста ба навъи фаъолият, марокизи тавлидӣ дар сатҳи байни 45 то 70 дарсад зарфияти комил кор мекунанд.”
Хонум Доггер мегӯяд: “Ба эътиқоди мо, замоне, ки маҳдудиятҳо лағв ва фаъолиятҳои иқтисод аз сар гирифта шавад, шоҳиди раванди тадриҷи беҳбуд аз нимаи дувуми сол хоҳем буд.”
Албатта дар ҳоли ҳозир воксин ва дармон муассире барои COVID-19 ёфт нашуда ва ба гуфта оқои Греонволд, ин вазъият чолиши дигареро барангехтааст.
Мумкин аст давлатҳо маҳдудиятҳои кунуниро коҳиш диҳанд ва фаъолияти иқтисодиро аз сар гиранд, ки ин худ шояд ба мавҷи дувуми ибтилоӣ ба ин беморӣ мунҷар шавад, дар ин сурат маҳдудиятҳо боз хоҳанд гашт ва зарбаи дувум ба иқтисоди шадид хоҳад буд.
Дар чунин вазъияте, иқтисод гирифторӣ ду рукуди шадид пушти сари ҳам хоҳад шуд ва масири иқтисодӣ ба гуфтаи профессор Тесада ба шакли w хоҳад буд.
Ӯ мегӯяд:”Дар ин сурат, беҳбуди ниҳоӣ пас аз як фосила замоне буруз хоҳад кард, ки дар тӯли он, як бор беҳбуди иқтисодӣ дида мешавад аммо ин беҳбуд давом надорад ва коҳиши иқтисодӣ боз ҳам буруз мекунад.”
Оқои Греонволд мӯътақид аст, ки “агар дар мавриди муқаррароти фосилагузории иҷтимоӣ пасу пеш биравем, бозгашт ба шароити одӣ тӯлонитар хоҳад шуд.”
Баъзе низ ин саволро матраҳ кардаанд, ки оё мумкин аст COVID-19 ҳинҷор ва шакли ҷадидеро барои иқтисоди ҷаҳонӣ тарсим кунад?
Дар сенарияи l шакли иқтисод пас аз як суқути сареъ рӯ ба беҳбуд меравад аммо фаъолиятҳои иқтисодӣ дар сатҳи поинтар аз гузашта идома хоҳад ёфт.
Профессор Тесада мегӯяд, ки “ин буҳрон мумкин аст беш аз як рукуди оддӣ бошад ва тағйири доимӣ дар сатҳи рушд дар пай дошта бошад.”
Муассисаи BSE SENSEX ҳам ҳушдор медиҳад, ки бозгашти пурдастандоз ба рушд метавонад ба бурузи хисоратҳои баландмуддати иқтисодӣ мунҷар шавад ба хусус агар воксин ё дармони қатъӣ барои COVID-19 ёфт нашавад.
Оқои Греонволд мегӯяд, ки дар чунин сурате, бозгашт ба вазъияти оддӣ “номукин аст.”
Ӯ мегӯяд: “дигар сӯҳбат аз v ё u нахоҳад буд балки саволи муҳимм ин хоҳад буд, ки “оё бори дигар ба вазъияти қаблӣ боз хоҳем гашт?”
Сообщение ПАЁМ.net.