Рубрики Хабарҳо

Раҳмон супориш дод роҳҳои нави ҷамъоварии андозро пайдо кунанд

Дар Душанбе бо ҳузури раисҷумҳури Тоҷикистон маҷлиси охирини ҳукумат дар соли 2022 баргузор шуд, ки дар он иҷрои нақшаҳои буҷети давлатӣ баррасӣ шуд

Тавре дафтари матбуотии раисҷумҳур иттилоъ додааст, дар кори ҷаласа масъалаҳои вобаста ба тадбирҳои иҷрои Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2023”, ки аз рӯйи он Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода гузориш дод, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои ҳукумати кишвар ва роҳбарони вазорату идораҳо барои таъмини саривақтии иҷрои нақшаҳои буҷети давлатӣ дар соли 2023 дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

Аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки барои дарёфти роҳу усулҳои нави иҷрои нақшаи андоз ва буҷетӣ давлатӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, ҷалби шаҳрвандон ба меҳнати фоиданоки дастӣ, аз қабили тиллошӯйӣ дар қаламрави мамлакат тадбирҳои бетаъхир андешида шавад.

Таъкид шуд, ки дар мамлакат беш аз 7000 нафар барои тиллошӯйи иҷозатнома гирифта, ба ин намуди меҳнати фоиданок ҷалб шудаанд.

Ҳамчунин дар ин ҷаласа аъзои ҳукумат нақшаи кории ҳукумати Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2023-ро баррасӣ карданд.

Зикр гардид, ки Нақшаи кории ҳукумати Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2023 таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоии мамлакатро барои давраҳои минбаъда фаро мегирад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *