Нашрияи амрикоии “Натионал Интерест” (The National Interest) бо интишори матлабе дар аввалин рӯзи соли 2023 давлати Байденро ба ғафлати амдона нисбат ба таҳаввулоти ҷории Эрон муттаҳам кард.
Дар ин мақола, ки ба қалами Андреа Астрикар аз коршиносони ҳастаии бунёди дифоъ аз демокрасиҳо навишта шуда, ба давлати Байден роҳкорҳои сиёсӣ барои хурӯҷ аз ин вазъият муаррифӣ мешавад. Аз ҷамлаи ин пешниҳодҳо метавон ба сиёсати фишори ҳаддиаксарии фароатлантикӣ дар айни таваққуфи музокироти ҳастаӣ ишора кард.
Хонум Астрикар бо интиқод аз сиёсати давлати Байден дар қиболи Эрон, онро навъе аз “иштибоҳи роҳбурдӣ” мехонад. Ба назари ӯ рӯйкарди кунунии давлати Амрико мабнӣ бар адами мудохила дар умури Эрон танҳо боис хоҳад шуд, ки раисҷумҳур Ҷо Байден “баъдан ва бо ҳазинаи бисёр бештар ҳамчун як рӯёрӯии низомӣ бо Эрон” по ба арса бигузорад.
Нависандаи мақола мӯътақид аст, ки авлавиятҳое ҳамчун силоҳрасонӣ ба Укроин, рақобат бо Чин ва бахше аз масоили дохилии Амрико, давлати Байденро ба таҳаммулгароӣ нисбат ба таҳаввулоти Эрон маҷбӯр сохтааст ва ба ҳамин далел низ давлати Амрико фикр мекунад агар эътирозоти ҷории зидди ҳукумтӣ дар Эрон шикаст бихӯрид, “танҳо гузинае, ки шояд битавонад ин кишварро аз дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ боз дорад” дубора ҳамон раванди идомаи музокироти Барҷом хоҳад буд.
Ин коршиноси аршади умури ҳастаии Эрон, зимни интиқод аз сиёсат идомаи музокироти Барҷом бо Теҳрон бар ин нукта таъкид дорад, ки расидан ба як тавофуқи ҳастаии ҷадид ба ин маъност, ки то соли 2030 ҳудуди як трилион доллар ба Эрон сарорез шавад. Иқдоме, ки танҳо боиси “ҳифзи сохтори қудрат дар Эрон, идомаи саркӯби мардум ва таҷовуз ба кишварҳое перомуни Эрон” хоҳад шуд.
Вай менависад: “бо вуҷуди ин ки раисҷумҳур дар муқобили дурбинҳо эълон кард Барҷом мурдааст, аммо давлати вай аз эъломи он ҳазар дорад чаро ки бими онро дорад то мабодо Эронро бештар ба остонаи ҳастаӣ шудан савқ диҳад.”
Астрикар возеҳтарин нишонаи сиёсати тағофул дар мавриди Эронро дар ин медонад, ки давлати Амрико талоше барои тарғиби муттаҳидони Барҷом (Фаронса, Бритониё ва Олмон) анҷом намедиҳад то таҳримҳои Созмони милалро муҷаддадан алайҳи Эрон аъмол кунанд.
Вай менависад: “Теҳрон дар сеюним соли гузашта маҳдудиятҳои тавофуқро зери по гузошта ва бо ироаи паҳпод ва мушак ба Русия, яке аз қатъномаҳои Созмони милалро ошкоро нақз кардааст.”
Иллати кӯтоҳии Вашингтон барои кумак ба мардуми Эрон чист?
Аз назар нависанда, кӯтоҳии Вашингтон барои кумак ба мардуми Эрон, реша дар тарс аз гирифтор шудан Иёлоти муттаҳида дар моҷароҳои тағйири режим дар кишварҳои хориҷӣ дорад ва бар ин асос ҳушдор медиҳад, ки агар Иёлоти муттаҳида аз талоши ҳаддиақалӣ дар ин роҳ дареғ кунад “беҳтарин фурсати худро дар солҳои ахир барои кумак ба мардуми Эрон барои берун рондани саркӯбгарон аз даст хоҳад дод”.
Коршиноси Андешакадаи бунёди дифоъ аз демокрасиҳо дар идомаи матлаби худ ба ин мавзӯъ ишора дорад, ки бо идомаи вазъи мавҷуд ва “бо таваҷҷуҳ ба ноамнии режим дар дохили кишвар, васвасаи Теҳрон барои дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ ҳам афзоиш меёбад. Дар камшавии фишорҳои байналмилалӣ, Эрон рӯз ба рӯз дар ҳоли анбошти ураниум бо ғинои боло ва тақвияти қобилияти гурези ҳастаии худ дар пинҳонӣ аст”.
Ӯ ҳамчунин бо ишора ба нақши таҳдидҳои ҳастаии Русия дар ақиб рондани дахолатҳои мустақими хориҷӣ дар ҷараёни ҷанги Укроин, менависад: “Эрони муҷаҳҳаз ба силоҳи ҳастаӣ, бозиро дар Ховари Миёна тағйир медиҳад ва пӯшише барои Ҷумҳурии Исломӣ барои пешбурди ҳамалоти худ алайҳи душманони минтақаиаш ва пайгирии талошҳояш барои истилои минтақаӣ фароҳам мекунад ва ҳамзамон боиси таҳкими қудрати ин кишвар низ мешавад.”
Пешниҳодҳои сиёсии нависанда ба давлати Байден чист?
Хонум Астрикар, ки пеш аз пайвастан ба “Бунёди дифоъ аз демокрасиҳо” ба муддати ду даҳа дар “Муассисаи улум ва амнияти байналмилал” мақолоти фаннии бисёре дар мавриди фаъолиятҳои ҳастаии Эрон нигоштааст, роҳкори худ барои давлати Байденро ин гуна шарҳ медиҳад, ки Вашингтон бояд “сиёсати ҳимояти ҳаддиаксарӣ” аз мардуми Эронро аз тариқи идомаи “таҳримҳои иқтисодии ҳадафманд” пайгирӣ кунад ва “ҷаримаҳое алайҳи мақомоти режим” ҷонишини он созад.
Ӯ аз давлати Амрико мехоҳад то “дар сукут ба тақвияти ҳамоҳангӣ миёни мӯътаризони эронӣ, итминон ҳосил кардан аз дастрасӣ ба иттилоот ва ахбор, ва таъмини молии иттиҳодияҳои коргарӣ ва эътисобкунандагон” идома диҳад то ҷони дуборае ба эътирозот бубахшад.
Кампини фишори ҳаддиаксарии фароатлантикӣ
Нависандаи мақола ҳамчунин бо ишора ба лузуми талоши давлати Амрико барои мутақоид кардани ширкои аврупоӣ, пешниҳод медиҳад то зимни таваққуфи музокироти ҳастаӣ, корзоре таҳти унвони “кампини фишори ҳаддиаксарии фароатлантикӣ алайҳи Эрон барои аз байн бурдани манобеъи даромади Теҳрон дар хориҷ аз кишвар” эҳё шавад.
Ҳамзамон, мавзӯъи ҳастаии Эрон баргузории ҷаласаи вежаи Шӯрои ҳуккоми Ожонси байналмилалии энергии атомӣ барои маҳкум кардан ташдиди танишҳои ҳастаии Теҳронро лозимӣ кардааст. Ў аз ин шӯро мехоҳад то бо баргардонидани парвандаи Эрон ба Шӯрои амният, ба бозгашти таҳримҳои Созмони милал алайҳи Эрон раъй диҳад.
Эъмоли муҷаддади таҳримҳои Созмони милал метавонад эъмоли таҳримҳои ин Созмон алайҳи фурӯши таслиҳоти гуногун ва ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Эронро низ дар пай дошта бошад ва аз лағви комили таҳримҳои мушакӣ ва паҳподии Созмони милал дар моҳи октябри оянда ҷилавгирӣ кунад.
Бар асоси “бандҳои қатъномаи 2231” Эрон аз 18 октябри 2023 қодир хоҳад буд ба сурати қонунӣ мушакҳо ва паҳподҳои худро ба кишварҳои дигар, аз ҷумла Русия содир кунад.
Хонум Астрикар дар интиҳои мақолаи худ нисбат ба авоқиби ғафлат ё иштибоҳи роҳбурдии Амрико дар қиболи Эрон ҳушдор дода ва менависад: “агар Иёлоти муттаҳида дар соли ҷадид иқдоме накунад, иқдоми низомӣ мумкин аст танҳо ҷойгузини он бошад.”