Рубрики Хабарҳо

Як мақоми Толибон аз муҳокимаи ғоибонаи масъулони 10 расонаи Афғонистон хабар дод

Абдулҳақ Ҳаммод, раиси баррасии расонаҳои Вазорати иттилоот ва фарҳанги Толибон ба Афғонистон Интернешнл гуфтааст, ки додгоҳи ин гурӯҳ барои масъулони даҳ расонаи Афғонистон, ки дар хориҷ ҳастанд, ҳукми ғоибона содир хоҳад кард. 

Ӯ гуфтааст ин расонаҳо алайҳи ҳукумати Толибон таблиғот мекунанд. 

Ин мақоми Толибон аз бурдани номи ин расонаҳо худдорӣ карда, вале гуфта, ки масъулони онҳо дар хориҷ аз Афғонистон ба сар мебаранд. 

Ҳаммод дар ин маврид ба хабаргузории давлатии Бохтар гуфта буд, ки дафтарҳо ва масъулони расонаҳои Афғонистон бояд дар дохили кишвар фаъолият кунанд. Ў афзуд: “ҳеҷ қонуне ба касоне, ки дар берун кор карда ва алайҳи низом таблиғ мекунанд, иҷозаи фаъолият намедиҳад.” 

Ин мақоми Толибон муддаӣ шуд, ки ин гурӯҳ аз фаъолияти расонаҳо дар Афғонистон ҳимоят карда ва барои онон сабукиҳои молӣ, монанди “мӯҳлат барои пардохти барқи масрафшуда”-ро фароҳам сохтааст. 

Созмонҳои байналмилалӣ, монанди дидабони ҳуқуқи башар ва кумитаи ҳифозат аз хабарнигорон борҳо аз саркӯби хабарнигорон ва озодии баён дар Афғонистон иброз нигаронӣ кардаанд. Гузоришҳои онон нишон медиҳанд, ки расонаҳо ба иллати сонсур, саркӯб ва озору азияти хабарнигорон дар дохили Афғонистон, шадидан маҳдуд шуда ва бархе аз масъулон ва хабарнигорон маҷбур ба тарки ҳирфа ё хурӯҷ аз кишвар шудаанд. 

Созмони байналмилалии Хонаи озодии баён низ дар гузорише дар моҳи ҷиддӣ порсол ифшо кард, ки маъмурини истихбороти Толибон мустақиман ба дафтарҳои расонаҳо рафта ва ба мудирон ва хабарнигорон гуфтанд, ки хабарҳо ва гузоришҳо бояд бо таъйиди масъулони Толибон нашр шавад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *