11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Ширкати қудои раисҷумҳур боз имтиёз гирифт

Ширкати «Тоҷиктелеком», вобаста ба Хадамоти алоқа, ки раҳбарияшро Бег Сабур, қудои раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад ва тақрибан онро ба ширкати шахсӣ табдил додааст, аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон бори дигар имтиёз дарёфт кард. Имтиёзоти молиявиро дар Тоҷикистон асосан ширкатҳо марбут ба хонаводаи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дарёфт мекунанд.

Пардохти беш аз 67 миллион сомонӣ (ҳудуди $6,6 млн) қарзи “Тоҷиктелеком” аз андоз дар асоси қарори ҳукумат аз 22-юми декабри соли 2022, то як соли дигар ба таъхир гузошта шудааст.

Беш аз 24 миллион сомонии (ҳудуди $2,4 млн) ин маблағ фоиз ё баҳраи қарз гуфта мешавад.

Бори аввал нест, ки ҳукумати Тоҷикистон ба «Тоҷиктелеком» дар пардохти молиёт сабукӣ медиҳад. Чанде қабл Бег Сабур мавриди хашми расиҷумҳур қарор гирифта ва ширкатҳояш, чӣ «Тоҷиктелеком» ва чи ширкатҳои сохтмониву тиҷоратии ӯ зери фишор қарор гирифта буданд. Овозае ҳам паҳн шуда буд, ки сабаби хашми «пешво» бо ҳам созиш нагирифтани духтари ӯву писари Бег Сабур аст. Аммо дертар Бег Сабур дубора зери «марҳамати» қудояш баргашт.

Барои мисол Нусратулло Давлатзода, раиси Кумита андози Тоҷикистон имрӯз, 14 июл дар нишасти матбуотӣ хабар дода буд Ширкати сохтмонии «Комил 2010», ки ба писари Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа ва қудои раисҷумҳури Тоҷикистон марбут аст, аз андоз беш аз 4 млн сомонӣ қарздор мебошад.

Ӯ гуфт, маҳз самаранок истифода накардани маблағи ҷалбгардида аз ҷониби ин ширкат ва сари вақт иҷро накардани уҳдадорӣ боиси қарздорӣ дар назди буҷети давлат гардидааст.

 “Маблағро  мегирад, аммо самаранок истифода намебарад. Роҳбарӣ карда наметавонад. Босифат кор карда наметавонад. Ба монанди ҳамин омилҳои зиёде ҳастанд, ки (ширкатро) ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мекунанд”,-  нигаронӣ карда буд Давлатзода.

Дар ҳамин ҳол, Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи сохтмону меъмории Тоҷикистон дар нишасти матбуотии соли гузаштааш гуфта буд, ки ширкатҳои Бег Сабур “Комил-2010” ва “Ниагара” бо дастури раиси шаҳри Душанбе вориди “рӯйхати сиёҳ” шудаанд ва ба онҳо дигар иҷозаи сохтмон дода намешавад.

— Аз ин пас, ба Бег Сабуров дар Душанбе дигар иҷозатномаи сохтмон намедиҳанд, — гуфта буд ӯ.

«Тоҷиктелеком», ки воридоти Интернетро зери инҳисор ё монополияи худ дорад, солҳои охир вазъи молии хуб надорад ва аз молиёту ширкатҳои дигар қарздор шудааст. Коршиносон сабаби онро фасоди саросарӣ дар ширкат ва идораи нодурусташ аз тарафи қудои раисҷумҳур медонанд. Бег Сабур ширкати давлатиро ба манбаъидаромади кулли хонаводааш табдил додааст ва бо ширкатҳои муртабит ба писаронаш чанд шартномаи ҳамкорӣ дорад.

Пештар идораи барқи Душанбе ва ширкати мухобиротии Тселл ба хотири напардохтани қарз аз «Тоҷиктелеком» ба додгоҳ шикоят бурда буданд.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *