Вазири дифоъи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо бо сафари корӣ вориди Минск, пойтахти Белорус шудааст. Тоҷикистон аз шарикони Русия ва Белорус дар чанд созмон мебошад.
Дар бораи сафари Мирзо сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии низомӣ — ёвари вазири дифоъи Беларус оид ба ҳамкориҳои байналмилалии ҳарбӣ Валерий Ревенко дар саҳифаи твиттериаш хабар додааст.
АМИД «Ховар» хабар дода, ки «сафари Вазири мудофиаи кишвар 3-4 январ идома ёфта, зимни он Шералӣ Мирзо бо Вазири мудофиаи Беларус Виктор Хренин мулоқот намуд».
Гуфта мешавад дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо нақшаи ҳамкории ҳарбиро барои соли 2023 ба имзо расониданд.
Ҷузъиёти дигар ва ҳадафи сафарро на мақоми белорусӣ ва на «Ховар» нагуфтаанд. Дар бораи барномаи сафар дар сойтҳои вазоратҳои дифои ҳарду кишвар низ иттилоъе дода нашудааст.
Белорус дар ҷанг алайҳи Укроин канори Русия истодааст, аммо Тоҷикистон аз мавқеъгирии ошкор худдорӣ мекунад.