Нахустин муборизаи «Терминатори тоҷик» Фаридун Одилов дар доираи лигаи мутлақи Чемпионати Ахмат рӯзи 27 январ дар Қазон баргузор мешавад.
Рақиби аввали Одилов дар ин набард паҳлавони русиянӣ Элмар Гасанов хоҳад буд, ки то кунун 4 ғалаба ва як мусовӣ дорад.
Ёдовар мешавем, ки Фаридун Одилов моҳи декабри соли 2022 бо лигаи ACA шартнома баст.
Ӯ охирин муборизаи худро моҳи декабри соли 2021 дар мусобиқаи Eagle FC бо пирӯзӣ анҷом дод.
Моҳи декабри соли равон ӯ мебоист бо Даврон Ермекови қазоқ қувваозмоӣ мекард, аммо аз вазнченкунии назоратӣ гузашта натавонист. Дар натиҷа, варзишкори тоҷик аз Eagle FC ихроҷ шуд.
Гуфта мешуд, ки дар сурати пирӯзӣ бар варзишгари қазоқ, Одилов роҳро ба созмони UFC боз мекард.
«Терминатори тоҷик» то кунун 12 пирӯзӣ, 2 мусовӣ ва 2 бохт дорад.