Рубрики Хабарҳо

Қарордоди интиқоли барқи Тоҷикистон ба Афғонистон тамдид шуд

Ширкатҳои «Барқи тоҷик» ва «Брешно» қарордоди интиқоли барқи Тоҷикистон ба Афғонистонро тамдид карданд.

Вазорати энержӣ ва оби ҳукумати Толибон дар саҳифаи «Твиттер»-и худ хабар додааст, ки ин созишномаро Муҳаммадумар Асозода, раиси ширкати «Барқи тоҷик» ва Мулло Муҳаммадҳаниф «Ҳамза», масъули ширкати «Брешно» имзо кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар маросими имзои ин созишнома Мулло Абдулатиф Мансур, сарпарасти Вазорати энержӣ ва оби ҳукумати Толибон иштирок доштааст. Гуфта мешавад, ки дидору мулоқоти масъулини ширкати «Барқи тоҷик» ва «Брешно» рӯзи 10-уми январ дар Туркия сурат гирифтааст.

Ҷузъиёти бештари ин созишнома дастрас нест ва маълум нест, ки Тоҷикистон дар соли 2023 ба Толибон чӣ миқдор барқ мефурӯшад. Аммо масъулини «Брешно» дар тобистони гузашта гуфта буданд, ки, интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон қариб як баробар зиёд шудааст.

Кобул, яке аз харидорони асосии барқи Тоҷикистон аст. Дар 9 вилояти Афғонистон аз нирӯи барқи воридотӣ аз Тоҷикистон истифода мекунанд.

Тамдиди қарордоди интиқоли барқ миёни Тоҷикистон ва Афғонистон дар ҳоле аст, ки Душанбе бо ҳокимони нави Кобул робитаи дипломатӣ надорад. Мақомот, аз ҷумла, раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, борҳо аз сиёсатҳои гуруҳи Толибон, ки якуним сол аст дар Афғонистон ҳукумат мекунанд, ошкоро танқид кардаанд. Толибон дар пай ба Тоҷикистон ҳушдор доданд, ки дар умури дохилии Афғонистон мудохила накунад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *