Бо пешниҳод ва кӯмаки мақомот, ҳади ақал даҳ нафар аз эътирозгарон ба марги зери шиканҷаи сокини шаҳри Кӯлоб Абдуқаҳҳор Розиқов, ба Кореяи Ҷанубӣ ба Русия ба кор фиристода шудаанд. Дар ҳамин ҳол, мақомоти тафтишотии Тоҷикистон ду нафар аз се пулиси боздоштшуда дар пайи марги Розиқовро озод кардаанд. Ҳоло танҳо як нафар пулис дар марги ӯ гунаҳкор дониста мешавад.
Тибқи иттилоъи манобеъи Паём, на камтар аз 10 нафари онҳое, ки дар эътироз ба марги маҷбурии Абдуқаҳҳор Розиқов дар назди мурдахонаи шаҳри Кӯлоб даст ба эътироз зада буданд, бо кӯмаки мақомот дар кӯтоҳтарин муддат шиноснома, визаи корӣ ва билет дарёфт карда ба Маскав парвоз кардаанд. Қарор аст аксари онҳо барои кор ба Кореяи Ҷанубӣ раванд. Барои ин ба мақомот камтар аз як ҳафта лозим шуд ва пули билети аксари онҳо низ аз тарафи мақомот пардохт шудааст. Аниқтараш аз ҷониби соҳибкорон бо “тавсияи” мақомот.
Аксари эътирозгарон, аз ҷумла онҳое, ки бо кӯмаки мақомот роҳ ба сӯи Кореяи Ҷанубӣ гирифтаанд, ё собиқ зиндониёне буданд, ки бо иттиҳомоти гуногун — сар аз “салафӣ”-ву “таҳрирӣ” то фурӯш ва интиқоли маводи мухаддир чанд соли умри худро паси панҷараҳои зиндон гузаронидаанд ва ё ҷавонони таъсиргузоре, ки ба қавле (ҳарфашонро чанд нафар гӯш мекард”. Зоҳиран мақомот дар пахши эътирози мардуми Кӯлоб роҳи фарқкунанда аз Бадахшонро пеш гирифтаанд. Оё ин роҳ то охир чунин идома хоҳад кард?
Ҳадаф: Пешгирӣ аз шаклгирии гурӯҳи муташаккил
Ирсоли эътирозгарон ба Кореяи Ҷануби бо ҳатто пардохти пули билети онҳо гувоҳи он аст, ки эътироз дар Кӯлоб ба он ҳаде, ки тасаввур мешавад содда набуд ва эътирозгарон ҳам нафарони оддӣ набуданд. Дар акси ҳол мақомоти саркӯбгари тоҷик аз ҳамон усули ҳамешагии террор кор мегирифтанд, ки 30 сол аст дар кулли кишвар роҳ афтодааст. Зоҳиран марги Розиқов ҳам тасодуфӣ набуд.
Тибқи иттилоъи манобеъи Паём, дар Кӯлобшаҳр гурӯҳе дар ҳоли шакл гирифтан буд, ки хатари баҳамомадану табдил шуданаш ба гурӯҳи муташаккил аз хатари қиёми қумондонҳои собиқи Бадахшон камтар набуд. Ин гурӯҳ дошт аз онҳое шакл мегирифт, ки аксари куллашон аз дасти режим зарар дидаанд — чӣ зарари иқтисодӣ, ки бизнесу амволашонро гирифтаанд ва чӣ зарари ҷисмонӣ, ки бидуни кадом гуноҳе, танҳо ба хотири “иҷрои нақша” ва ё шикастани рӯҳи эътирозгарашон бо иттиҳомоти гуногун зиндонӣ шуда буданд.
Даҳ соли охир ҳар ҷавони боғурур ва худшиноси Кӯлоб (ва на танҳо Кӯлоб) ду роҳ дошт — ё бояд аз кишвар фирор мекард ва ё лаб аз ҳар шикояте фурӯ мебасту агар мақомот чашм ба бизнес ва амволаш дӯхтаанд, онро хомӯшона дар ихтиёрашон мегузошт. Дар акси ҳолат, бо иттиҳоми сохтае зиндон мешуд: агар намозхону масҷидрав буд бо иттиҳомоте мисли салафиву таҳририву наҳзатӣ ва агар дар иҷрои фароизи динӣ пойбанд набуд бо иттиҳоми фурӯш ё интиқоли маводи мухаддир.
Аммо таъқиб, таҳдид ва ҳатто зиндон натавонист рӯҳияи эътирозӣ ва озодихоҳии аксари онҳоро бишканад. Баръакс, тақдири ҳамсон ва душмани ягона доштан онҳоро хоставу нохоста гирди ҳам ҷамъ меовард. Ва Абдуқаҳҳор Розиқов бо доштани хусусиятҳои лидерӣ, хонаводаи таъсиргузор ва эътибор байни ҷавонони Кӯлоб, кам-кам ба раҳбари ин гурӯҳи шаклгиранда табдил мешуд. Манобеъи огоҳи Паём мегӯянд бисёр баъид аст, ки марги Абдуқаҳҳор тасодуфӣ бошад. Ӯро бо нақшаи пешакӣ омодашуда боздошт карда ва амдан ба марг расонидаанд.
Яке аз ин манобеъ мегӯяд, баъди шиканҷаи пулис, ба хусус пулиси Кӯлоб, боқӣ мондани даҳҳо изи шиканҷаву латукӯб як кори табиӣ ва ҳамешагӣ аст. Аммо дар бадани Абдуқаҳҳор ин асарот бисёр кам дида мешуданд. Яъне гӯё ӯро хеле камтар аз дигарон шиканҷа кардаанд ва ӯ воқеъан чӣ мушкиле дошта, ки ба ин зудӣ ҷон додааст. Аммо дар асл кормандони пулис кӯшидаанд асаре аз шиканҷа дар бадани ӯ боқӣ намонад, чун аз аввал тасмим доштанд ӯро ба марг бирасонанд.
Бо ин роҳ, яъне аз байн бурдани пешвои потенсиалии гурӯҳ, мақомот аз шаклгирии гурӯҳи муташаккил ҳадди ақал барои кӯтоҳмуддат пешгирӣ карданд. Фиристодани эътирозгарон ба хориҷ низ идомаи ҳамин нақша аст, чун агар эътироз идома пайдо мекард, ҳатман пешвое онҷо зуҳур менамуд, ки натиҷаи “безараргардонӣ”-и Розиқовро нақши бар об мекард.
Дар ҳамин ҳол, ба ҷуз онҳое, ки ба Кореяву Русия фиристода шудаанд, се гурӯҳи дигар боқӣ мондаанд, ки тақдирашон зоҳиран норӯшан, аммо хатари боздошташон хеле зиёд боқӣ мемонад. Гурӯҳи аввал онҳоеанд, бо шурӯъи таъқиби мақомот баъди таҷаммӯъ по ба фирор ниҳоданд. Қисмате тавонистаанд ба хориҷ аз кишвар раванд. Аммо ба гуфтаи манобеъ мақомоти тафтишотии Кӯлоб аллакай раванди кушодани парванда алайҳи онҳоро шурӯъ кардаанд ва бо гумони ғолиб зери пайгард қарор гирифта, дархости истирдодашон ҳам ба кишварҳои паноҳбурдаашон ирсол хоҳад шуд.
Гурӯҳи дувум онҳое ҳастанд, ки дар дохили кишвар пинҳон шудаанд ва мақомот ҳам онҳоро меҷӯянд. Хатари боздошт ва равонаи зиндон шудани онҳо вуҷуд дорад. Гурӯҳи севум онҳое мебошанд, ки бо додани ришва ё кӯмаки хешовандони мансабдорашон аз боздошт баъди таҷаммӯъи эътирозӣ озод шуданд. Бо ришва озод шудан дар Тоҷикистон ҳеҷ кафолате барои адами боздошти дубора надорад ва ҳар лаҳза метавонанд ба сарат биёянд. Кафолати озодии онҳое ҳам, ки хешовандони мансабдоронашон кумакашон кардаанд, то дар мансаб будани ҳамон хешашон аст.
Албатта таваҷҷӯҳи мақомот бештар аз ҳама болои он гурӯҳе хоҳад буд, ки ба хориҷ фиристода шуданд, чун ин гурӯҳ таъсиргузортарини онҳост: як-ду соле онҳоро раҳо мекунанд, сипас мисли афроди таъсиргузори Бадахшон доначин хоҳанд кард.
Боздошти як пулис фиреби назар аст
Дар ҳоле, ки мақомот аз як тараф бо фиристодани тазоҳургарон ба хориҷ ва бархӯрди нарму “дӯстона” бо дӯстону наздикони Абдуқаҳҳор нишон доданӣ мешаванд, ки қазияро тибқи қонун пайгирӣ доранд, аз тарафи дигар бо озод кардани ду пулис ба маъмурон паём медиҳанд, ки афроди содиқи худро барои марги кадом шаҳрванде ҷазо нахоҳанд дод.
Ҳафтаи гузашта Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, бо як иқдоми камсобиқа ва ҳатто шояд бесобиқа модару бародар ва наздикони дигари Абдуқаҳҳор Розиқовро барои суҳбат ба Душанбе даъват кард. Мӯҳтавои ин сӯҳбат маълум нест, аммо он гувоҳӣ медиҳад, ки таъсири Абдуқаҳҳор ва хонаводааш байни ҷавонони Кӯлоб кам набуд ва мақомот онро наметавонанд нодида бигиранд.
Ҳамчунин, ба гуфтаи наздикони Розиқов, ки Радиои Озодӣ ба он истинод мекунад, раиси шаҳри Кӯлоб ва сардори ШКД-и Кӯлоб ба хонаи онҳо омада, ваъда доданд “дар доираи қонун тафтиш мекунем ва тафтиш вақти зиёдро мегирад”.
Аммо аз тарафи дигар Вазорати корҳои дохилӣ аз фарзияи ироакардааш дар бораи сабаби марги Розиқов, ки онро “истеъмоли аз ҳад зиёди як навъ маводи мухаддир” дониста буд даст накашидааст. Додситонии минтақаи Кӯлоб низ гуфтааст “ҳанӯз бар асари шиканҷа даргузаштани Абдуқаҳҳор Розиқов тасдиқ нашудааст”.
Ин аз усули дигар ва кӯҳнаи мақомот аст, ки ҳарчи метавонанд қазияро кашол медиҳанд то тасфи он поинтар фарояд ва мардум фаромӯш кунанд.
Сабаби аслии дар боздошт нигоҳ доштани як нафар шиканҷагарон ҳам ҳамин аст. Агар эътирози мардум, пайгирии расонаҳо ва хатари ошӯб дар Кӯлоб вуҷуд надошт, мақомот аслан ҳеҷ кадом аз ин пулисро боздошт намекарданд. Аммо сабаби дигари бегуноҳ баровардани ду нафар шиканҷагар — Зафар Холову Ҷамшед Кароматов ва ба дӯши танҳо Шамшод Шарифов гузоштани ҷиноят метавонад чизи дигар ҳам бошад: агар ҳарсе ва ҳатто ду нафар гунаҳкор эътироф мешуданд, ҷиноят дастаҷамъӣ мешуд ва ҷазо ҳам бояд сангинтар таъин мегардид.
Ҳоло бо гумони ғолиб Шарифов ҳам бо пардохти ҷарима озод хоҳад шуд. Бо эҳтимоли зиёд ҷаримаро се нафар дастаҷамъӣ пардохт хоҳанд кард, чун маслиҳат шудааст, ки як нафар ба дӯш мегирад ва ду нафари дигар дар озодии ӯву пардохти ҷарима саҳмдор мегарданд. Замони озодии Шарифов танҳо ба он вобастааст, ки кай сарусадоҳо хомӯш мешаванд ва нуқтаи заъфи хонаводаи Розиқов пайдо мешаваду аз ҳамон тараф ба онҳо фишор меоранд, то аз даъвояшон даст кашанд.
Қазияи марги Абдуқаҳҳор Розиқов ва дар остонаи як ошӯби ҷиддӣ қарор гирифтани Кӯлоб нишон медиҳад режим ба ҳадафи асосиаш — яъне тарсонидани мардум бо таҳдиду таъқибу зиндон нарасидааст. Баръакс, бо таъқибу террори саросарӣ шумори онҳоеро, ки буғзе дар сина алайҳи ин режим доранд ба садҳо ҳазор, ё ҳатто миллионҳо расонидааст.
Камтар хонаводае дар кишвар пайдо мешавад, ки аз дасти режими хонаводагии Эмомалӣ Раҳмон зараре надида бошад. Ин ҳама мардум мунтазири фурсатанд, то интиқомашонро биситонанд. Барои таркиши бомби интиқом танҳо як оташак намерасад, ки то имрӯз мақомот тавонистаанд бо ҳар роҳе аз расидани он оташак то бомб пешгирӣ намоянд. Аммо оё ҳамеша хоҳанд тавонист?