Рубрики Хабарҳо

Занони тоҷик аз бонкҳо 3,4 млрд қарз гирифтаанд

Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор зан аз бонкҳо қарз гирифтаанд.

Маблағи умумии қарзҳои додашуда ба занон дар соли 2022, беш аз 3 миллиарду 400 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ҳаҷми қарзҳои додашуда нисбат ба соли 2018,  2,4 баробар афзудааст.

Тибқи иттилои расмӣ, дар маҷмӯъ, дар панҷ соли ахир бонкҳои кишвар ба занон ба маблағи 12 миллиарду 100 миллион сомонӣ қарз додаанд.

Қобили зикр аст, ки қисме аз ин занон қарзҳои гирифтаашонро пардохт карда натавониста, роҳ суи муҳоҷират гирифтаанд. Иддае аз онҳоро ҳоло мақомоти интизомии Тоҷикистон ба ҷустуҷуи байналмилалӣ додааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *