Рубрики Хабарҳо

Тиҷорати Суғд бо Қирғизистон 7 баробар камтар шудааст

Бо вуҷуди марзбандии Қирғизистон ба рӯи тоҷикистониён соли 2022 додугирифти мол миёни ду кишвар сурат гирифтааст, аммо ба маротиб кам шудааст.

Савдои хориҷӣ миёни вилояти Суғд ва ҷумҳурии Қирғизистон давоми соли 2022 ҳудуди 7 баробар коҳиш ёфтааст.

Ба иттилои сардори Сарраёсати Агентии омор дар Суғд, Ҳокимбек Накҳатзода ҳаҷми гардиши савдо миёни вилояти Суғди Тоҷикистон ва ҷумҳурии Қирғизистон соли гузашта 3,6 млн долларро ташкил додаст.

Бар пояи маълумотҳои оморӣ давоми соли 2021, ҳаҷми гардиши мол дар ин масир беш аз 25 миллион доллар рақам зада мешуд.

Сардори Идораи омор тавзеҳ дод, ки соли гузашта ҳиссаи маҳсулоти воридотӣ ба 2, 4 млн доллар ва саҳми содирот 1, 2 млн доллар ҳисоб шудааст.

Тибқи омори гумрукӣ, агар соли 2021, аз Қирғизистон ба Суғд 72 навъ мол ворид шуда бошад, ин нишондиҳанда дар соли 2022 ба 6 намуд расидааст.

Молу маҳсулоти содиротӣ ҳам аз 36 номгӯи соли 2021 ба 5 намуд дар соли 2022 коҳиш ёфтаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *