Мувофиқати давлати Олмон бо таҳвили танкҳои модели “Леопард”-и олмонӣ ба Укроин дар рӯзи чаҳоршанбе вокунишҳои байналмилалии зиёдеро ба думбол дошт. Бар ин асос, қарор аст то 14 танки “Леопард”-и модели А-62 аз захоири артиши Олмон ба Укроин таҳвил дода шавад.
Стефан Ҳебстреят, сухангӯи давлати Олмон “ин тасмимро натиҷаи ройзаниҳои фишурдае бо наздиктарини шарикони аврупоӣ ва байналмилалӣ донист.” ба гуфтаи сухангӯи вазорати хориҷаи Олмон қарор аст, ки омӯзиши нерӯҳои укроинӣ ҳар чи сареътар дар хоки Олмон оғоз шавад.
Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон, ки ҳафтаҳост дар бораи чунин тасмиме таҳти фишори муттаҳидони ғарбии худ қарор дорад, ҳамзамон бо гирифтани ин тасмим эълом кард, ки бо тамоми тавон омодаи ҳимоят аз Укроин аст. Ў дар ин бора афзуд, ки “Олмон он чиро лозим аст бо судури муҷаввизи ирсоли танкҳои Леопард барои ҳимоят аз Укроин анҷом медиҳад, аммо мехоҳад аз ташдиди ҳар гуна даргирӣ, ки мунҷар ба ҷанги байни Русия ва НАТО шавад, ҷилавгирӣ кунад.”
Вокунишҳо дар Укроин: “мо ба танкҳои бештаре ниёз дорем”
Андрей Ермак, раиси дафтари риёсатҷумҳури Укроин билофосила эълом кард: “гоми аввал бардошта шудааст. Аммо мо ба танкҳои бештаре ниёз дорем.”
Пештар Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин низ гуфта буд, ки “ниёзи мо танҳо 5, 10 ё 15 танк нест. Ниёз мо бисёр бештар аз он аст.”
Ёдоварии “ҷинояти нозиҳо” аз сӯи Русия
Сергей Нечаев сафири Русия дар Берлин дар вокуниш ба тасмими давлати Олмон гуфт: “ин тасмим беш аз ҳад хатарнок аст, ки даргириро ба сатҳи ҷадиде аз рӯёрӯӣ хоҳад расонд. Ин тасмим якбори дигар моро мутақоид мекунад, ки Олмон, монанди наздиктарин муттаҳидонаш, хоҳони роҳҳали дипломатик барои буҳрони Укроин набуда ва ташдиди доимии танишро мехоҳад.”
Сафири Русия ҳамчунин бо ёдоварии масъулияти таърихии Олмон ба “ҷинояти нозиҳо” дар ҷанги ҷаҳонии дувум ишора кард: “бо муҷаввизи давлати Олмон, танкҳои ҳомили салибҳои олмонӣ бори дигар ба ҷабҳаи шарқ фиристода мешавад ва ногузир мунҷар ба кушта шудани сарбозони русӣ ва ғайринизомиён хоҳанд шуд.”
Аз сӯи дигар Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл дар мавриди таҳвили танкҳо ба Укроин эълом кард, ки “ғарбиҳо зарфиятеро, ки танкҳо метавонанд ба артиши Укроин бидиҳанд, беш аз ҳадд арзёбӣ кардаанд. Ин танкҳо низ монанди танкҳои дигар хоҳанд сӯхт.”
Истиқболи Фаронса ва Лаҳистон
Кохи Элиз низ аз чароғи сабзи Олмон барои ирсоли танкҳои Леопард ба Укроин истиқбол кард ва чунин тасмимгириро дар канори ҳимоятҳои таслиҳотии пешини Париж мунҷар ба тақвияти ҳарчи бештари Укроин донист. Фаронса пеш аз ин мутааҳҳид ба ирсоли танкҳои навъи сабук аз навъи AMX10-RC ба Укроин шуда буд.
Матеуш Мораветский, нахуствазири Лаҳистон низ аз Олмон ба хотири тасмимаш барои ирсоли танкҳои Леопард ба Укроин ташаккур кард. Вай гуфт: “муташаккирам садри аъзам Олаф Шолтс! Тасмими ирсоли Леопард ба Укроин гоми бузург ба сӯи ҳадафи мутаваққиф кардани Русия аст. Мо бо ҳам қавитар ҳастем.”