Ширкати монополии “Барқи тоҷик” бо пахши муроҷтаномае ба мардум аз “шурӯъ”-и маҳдудияти барқрасонӣ дар кишвар хабар дод. “Шурӯъ”-и расмии маҳдудият дар ҳолест, ки мардум аз оғози тирамоҳ аз “лимит” ранҷ мебаранд, раисҷумҳур ду ҳафта қабл дастур дод маҳдудият бардошта шавад ва дирӯз мақомот аз истеҳсоли рекордии барқ дар кишвар дар соли 2022 хабар доданд.
“Барқи тоҷик”, ва ноӯҳдабаротарин ширкат дар ҷаҳон, бо овардани як муқаддимаи тӯлонӣ дар бораи резиши оби дарёҳо, пур шудани обанборҳо, тағйирёбии иқлим, сардии ҳаво, “афзоиши талаботи соҳаҳои иҷтимоиёт ва иқтисодиёти мамлакат ба неруи барқ”, боз айбро ба дӯши мардум партофтааст.
Ба гуфтаи ин ширкати “бо назардошти тадриҷан афзоиш ёфтани талабот ба неруи барқ дар дохили мамлакат ҳаҷми истеҳсоли он дар давраи сипаришудаи моҳи январи соли 2023 назар ба ҳамин давраи соли гузашта 300 млн кВт* соат зиёд гардид, ки нисбат ба нишондиҳандаи миёнаи солҳои қаблӣ 14 фоиз зиёд мебошад”.
Дар асл ин ширкати боз ҳам дурӯғ мегӯяд. Сабаби болоравии истеҳсол дар моҳи январ аслан ба “ тадриҷан афзоиш ёфтани талабот” ҳеҷ бастагие надорад, балки бинобар сардии ҳаво ва фармони раисҷумҳур мабнӣ ба бардоштани маҳдудиятҳо исетҳсол афзоиш ёфт ва дақиқан моҳҳои оянда он ба ҳаҷми муқаррарии худ бармегардад.
Ҳар дафъа ин ширкати барои “лимит” як ё ду баҳона меовард, аммо ин дафъа якбора чанд баҳонаро қатор кардааст. Аз ҷумла сарбории масрафи зиёд ба шабакаҳои барқӣ ва трансформаторҳо, камшавии захираҳои об, камшавии оби дарёи Вахш афзоияши хароҷоти об аз обанбори неругоҳи «Норак» ва
таҳлили мутахассисонаш,ки “дар сурати наандешидани чораҳои иловагӣ барои рафъи мушкилот дар аввалҳои моҳи март норасоии неруи барқ шиддат гирифта, ба фаъолияти иқтисоди мамлакат ва зиндагии рӯзмарраи аҳолӣ таъсири калони манфӣ мерасонад”.
Ва бидуни хиҷолат эълон кардааст, ки “бо мақсади пешгирӣ кардани норасоии неруи барқ ва пайомадҳои манфии он ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат, аз 1 феврали соли 2023 сар карда, маҳдудкунии интиқоли неруи барқ ба роҳ монда мешавад”. Дар ҳоле, ки ҳамон гуна, ки гуфтем, маҳдудияти барқрасонӣ аз аввали тирамоҳ ҷараён дорад.
Ин ширкати ҷаҳон мегӯяд “чораҳои зикршуда муваққатӣ буда, барои давраи муайян пешбинӣ гардидаанд ва баъди ба эътидол омадани реҷаи обу энергетикии дарёи Вахш аз байн бардошта мешаванд”. Дар ҳоле, ки ҳаргиз дар ин маврид рост нагуфтааст.
“Барқи тоҷик”, ки ҳақи ҳалоли мардуми худашро ба ҳамсояҳо мефурӯшаду марудми худаш чанд соат бештар барқ надоранд, нашармида аз соҳибони аслии барқ хоҳиш кардааст “бо амалҳои сарфакорӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ дар ҷойи кор ва манзилҳои истиқоматиашон барои дар муҳлатҳои кӯтоҳ аз байн бурдани маҳдудият саҳм гузоранд”.