Рубрики Хабарҳо

Парвозҳо байни Душанбеву Урумчи дубора шурӯъ мешаванд

Пас аз танаффуси сесола, аз  8 феврал парвозҳои мустақим байни пойтахти Тоҷикистон ва шаҳри Урумчии Чин аз сар гирифта мешавад. Се сол пеш бо ибтикори Чин дар пайи хуруҷи бемории COVID-19 парвоз дар ин самт қатъ шуда буд.

Мудири умумии ширкати хонаводагии «Сомон Эйр» Абдуқосим Валиев имрӯз, 1 феврал дар нишасти хабарии ин ширкат гуфт, парвозҳо дар самти Душанбе-Урумчи ҳафтае ду бор анҷом анҷом хрҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, як парвоз аз тарафи «Сомон Эйр» ва як парвоз аз тарафи ширкати чинӣ анҷом мешавад.

Дилшод Сафарзода, роҳбари Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандӣ дар ин нишаст гуфт, «яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҳалли худро наёфта истодааст, ин кушодани хати аэронавигатсионӣ байни Тоҷикистон ва Чин мебошад, ки бинобар сабаби набудани роҳи ҳавоӣ ширкатҳои ҳавопаймоии ду кишвари ҳамсоя парвозҳоро тавассути фазои ҳавоии Қирғизистон иҷро менамоянд».

Сафарзода дар масъалаи истифода аз фазои ҳавоии Қирғизистон барои сафар ба Чин «ягон мушкилӣ нест» ва танҳо мехоҳанд бо кушодани хати нави ҳавоӣ, масирро кутоҳтар кунанд.

Парвозҳо ба Чин баъд бардоштани маҳдудиятҳои вобаста ба COVID-19 аз сӯи ин кишвар имконпазир шуд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *