Рубрики Хабарҳо

Ҳар рӯз 600 тоҷикистонӣ шаҳрванди Русия мешавад

Бо вуҷуди вориди ҷанг бо Укроин будани Русия ва басиҷи саросарӣ, ки дар натиҷа садҳо тоҷик ба ин ҷанг ҷалб ва даҳҳо нафар кушта шудаанд, шумори тоҷикони дарёфткунандаи шаҳрвандии Русия ҳамоно бо суръат дар ҳоли афзоиш аст.

Дар ҳоле, ки дар нӯҳ моҳи аввали соли ҷорӣ беш аз 119 ҳазор тоҷикистонӣ шиносномаҳои русӣ гирифта буданд, ин рақам танҳо дар се моҳи охири соли 2022 ба 54 ҳазор нафар расидааст, ки қариб ду баробар бештар аз семоҳаи аввали соли гузашта мебошад ва ҳар рӯз 587 нафарро ташкил медиҳад. 

Ин афзоиш бо усули геометрӣ 7 соли охир ҷараён дорад ва соли гузашта низ ҳар моҳ бештар аз моҳи қаблӣ будааст. Ҳамин тавр Дар семоҳаи аввал 33 ҳазор, дар семоҳаи дувум 41 ҳазор, дар семоҳаи севум 45,5 ҳазор ва дар семоҳаи чаҳорум беш аз 54 ҳазор нафар тоҷикистонӣ соҳиби шиносномаи русӣ шудаанд.

Хоҳишмандону кӯшандагони дарёфти шаҳрвандии Русия бо ин рақам тамом намешавад. Бар замми ин зиёда аз 173 ҳазоре, ки шиноснома гирифтаанд, 121 ҳазор нафари дигар иҷозаи иқомати доимӣ (ВНЖ) дарёфт намудаанд, ки ҳақи комили дархости шаҳрвнадиро доранд. Ҳамчунин ба 48 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозаи иқомати муваққатӣ (РВП) дода шудааст. Тибқи қонунҳои нави Русия ҳоло ин гурӯҳ низ ҳақи дархости шаҳрвандиро бидуни дарёфти иҷозаи иқомати доимӣ доранд. Дар умум шумори ин се гурӯҳ ба 342 ҳазор ё 3,5 дарсади аҳолии расман эълоншудаи Тоҷикистон баробар аст.

Вазорати корҳои дохилии Русия мегӯяд майли хориҷиён ба гирифтани шаҳрвандии Русия коҳиш ёфта, шуморашон нисбати соли 2021 беш аз 44 ҳазор маврид камтар буд. Соли 2021 ин рақам 647 ҳазор, соли 2022 бошад 691 ҳазор нафраро ташкил дод.

Дар ҳамин ҳол шумори сокинони Тоҷикистони дарёфткунандаи шаҳрвандии Русия баръакс афзоиши қариб дубаробарӣ дошта, дар муқоиса ба соли 2021-ум 70 ҳазор маврид бештар шиносномаи русӣ гирифтаанд. Соли 2021 ин рақам ҳудуди 103 000 буд. Тибқи додаҳои Вазорати корҳои дохилии Русия, ки дар охири моҳи январи имсол нашр шуд, украиниҳо дар дарёфти шаҳрвандӣ аз тоҷикон сабқат гирифтаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки баъди ғасби чанд минтақаи Укроин, Русия ба сокинони он маҷбуран шиносномаҳои русӣ дод. Соли гузашта 297 ҳазор шаҳрванди Укроин ихтиёриву ғайриихтиёр соҳиби шиносномаи Русия шудаанд.

Баъди Тоҷикистон кишварҳои дигари Осиёи Миёна меоянд, аммо шумори сокинони ин кишварҳо, ки шаҳрвнади Русия шудаанд ба маротиб камтар аз Тоҷикистон аст — Казоқистон 4,1 баробар, Узбекистон 6,4 баробар, Қирғизистон 7,4 баробар ва Туркманистон 50 баробар!

Ин шумор ба таври зайл аст: Қариб 42 ҳазор нафар аз Қазоқистон (соли 2021 – 49,8 ҳазор нафар);  27,2 ҳазор нафар аз Узбекистон (соли 2021 – 31,8 ҳазор);  23,5 ҳазор нафар аз Қирғизистон (соли 2021 – 19,2 ҳазор);  3,5 ҳазор нафар аз Туркманистон (соли 2021 – 3,6 ҳазор) шаҳрвандӣ Русия шудаанд.

Зоҳиран афзоиши шумори тоҷикони шиносномаирусигиранда соли ҷорӣ ҳам идома хоҳад кард, чун кӯчиши саросарӣ то ҳол идома дорад ва деҳаҳо дар Тоҷикистон бо суръат холӣ мешаванд.  

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *