Дар бозии лотереяи Dubai Duty Free Millennium Millionaire, ки гуфта мешавад рӯзи 1 феврал дар терминали 2-юми фурудгоҳи байналмилалии Дубай — бузургтарин майдони ҳавоии Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор шудааст, тоҷикистоние бо номи Абдувалӣ Аҳмадалӣ 1 миллион доллар бурд кардааст.
То ҳол Аҳмадалӣ аз худ дарак надода ва бурд мунтазири соҳибаш аст. Нашрияи Gulf News-и Аморот , ки Аҳмадалӣ метавонад ба маъмурияти баргузории бозии лотерея муроҷиат кунад.
Ба иттилои нашрия, Абдувалӣ билети бурдкардаи лотереяро бо арзиши 1 ҳазор доллар таҳти рақами 4226 тариқи Интернет 16 январи соли равон харида ва аввалин зодаи Тоҷикистон аст, ки дар бозии лотереяи фурудгоҳи Дубай бурд кардааст.