Рубрики Хабарҳо

Ӯзбекистон аз минтақаҳои марзӣ минаҳоро поксозӣ мекунад

Бар асоси созишномаи ба имзорасида аз ҷониби Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон ва Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, Ҳукумати Ӯзбекистон минтақаҳои марзияш бо Тоҷикистонро аз мина поксозӣ мекунад.

Тавре дафтари матбуотии ҳукумати Ӯзбекистон хабар додааст, дар музокироти миёни раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар шаҳри Душанбе, ду тараф ба тавофуқ расиданд, ки минтақаҳои марзӣ аз минаҳо поксозӣ шаванд.

Бар асоси барномаи эълом шуда, тайи солҳои 2018 то 2020, марзи муштараки Ӯзбекистон ва Тоҷикистон аз минаҳое, ки давлати Тошканд дар соли 2000 ба баҳонаи ҷилавгирӣ аз вуруди ҷангҷӯёни “Ҳаракати исломӣ”-и ин кишвар корида буд, поксозӣ хоҳад шуд.

Ин дар ҳоле аст, ки тайи 18 соли гузашта бар асари бархӯрд бо мина дар марзи муштараки Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, даҳҳо нафар аз шаҳрвандони тоҷик кушта ва захмӣ шудаанд.

Аз нигоҳи коршиносон, иқдоми ҳукумати Ӯзбекистон барои поксозии минтақаҳои марзӣ аз минаҳо, ҳокӣ аз ҳусни нияти Тошканд ба манзури беҳбуди равобит бо Тоҷикистон аст. Зеро ин иқдом мӯҷиби рафту омади осони шаҳрвандони ду кишвар ба Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ва рушди тиҷорати марзӣ, хоҳад шуд.

Дар нахустин сафари Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар рӯзҳои 9 ва 10-уми марти соли ҷорӣ ва дидори вай бо Эмомалӣ Раҳмон, 40 санади ҳамкорӣ дар заминаҳои мухталиф ба имзо расид.

Маврид ба зикр аст, ки дар муддати 27 соли охир, ин аввалин ташрифи расмии президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон буд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *