Рубрики Хабарҳо

Пагоҳ “Истиқлол”-и Душанбе ба масофи “Ад-Дуҳайл”-и Қатар меравад

Пагоҳ, 19 сентябр  дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи қарамонҳои Осиё-2023/24 байни дастаҳои «Истиқлол» (Тоҷикистон) ва «Ал-Дуҳайл» (Қатар) баргузор мешавад. Бозӣ соати 21:00 шурӯъ мешавад. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тибқи натиҷаи қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24,  қаҳрамони Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе ба гурӯҳи «Е» шомил шуд. Рақибони дастаи пойтахти Тоҷикистон дар гурӯҳ “Персеполис” (Эрон), “Ал-Дуҳайл” (Қатар) ва “Ан-Наср” (Арабистони Саудӣ) мебошанд.

Имрӯз, 18 сентябр дар остонаи бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 байни дастаҳои «Истиқлол» (Тоҷикистон) ва «Ал-Дуҳайл» (Қатар) нишасти хабарӣ баргузор мешавад.

Ба саволҳои рӯзноманигорон сармураббии дастаи «Ал-Дуҳайл» Эрнан Креспо ва яке аз бозигарони бошгоҳи қатарӣ, аз ҷониби «Истиқлол» сармураббии даста Игор Черевченко ва сарбони даста Алишер Ҷалилов ҷавоб медиҳанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *