Ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша дар бораи рушди сайёҳии кишвар мегӯяд ва ҳафтае нест, ки расонаҳои давлатӣ ин мавзӯъро боз набардоранд ва аз “дастовардҳо”-и навбатӣ дар ин ҷода лоф назананд. Ҳафтаи гузашта низ истисно набуд. Расонаҳои ҳукуматӣ чанд лофи дигаре ҳам заданду ташаббусҳои ҳукуматро дар ин самт таърифу тавсиф карданд.
Аз ҷумла, агентии миллии иттилоотии “Ховар” хабар дод, ки марҳилаи дуюми амалисозии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (солҳои 2023-2026) оғоз гардидааст. Тавре мудири бахши котиботи Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар додааст, дар ин марҳила ҳукумат ба “саноатикунонии босуръати соҳаи сайёҳӣ, тақвияти неруи кадрии соҳаи сайёҳӣ, муаррифии захираҳои сайёҳӣ ҳамчун бренди миллӣ ва таъмини иттилоотии соҳаи сайёҳӣ, маркетинг ва пешбурди маҳсулоти сайёҳӣ тавассути иштирок дар намоишгоҳҳои сатҳи байналмилалӣ, ташаккули маҳсулот ва хизматрасониҳои сайёҳӣ” аҳамияти хосса медиҳад.
Бо ин ҳол, ин мақомдор дар бораи он, ки “саноатикунонии босуръати соҳаи сайёҳӣ” чӣ маъно дорад, ё “захираҳои сайёҳӣ” чист ва чӣ гуна ба ҷаҳониён муаррифӣ мешаванд ва оё танҳо иштирок дар намоишгоҳҳои сатҳи байналмилалӣ кифоя аст, ки маҳсулоти сайёҳӣ “маркетинг ва пешбурд” карда шавад, шарҳе надодааст. Ба назар мерасад, мақомдор чанд калимаи зебонамудеро аз кадом ҷое хонда, онҳоро аз ёд кардааст ва баҷову беҷо онҳоро қатор мекунад ва аслан ҳатто худаш сарфаҳм намеравад, ки чӣ мегӯяд.
Аслан, саёҳии саноатӣ (промышленный туризм) шакле аз сайёҳат мебошад, ки сайёҳон барои дидани объектҳои саноатии ҷолиб ё таърихӣ, ё харидорӣ намудани маҳсулоти саноатии нотакрори як кишвар сафар мекунанд. Мисоли он дидор аз корхонаҳои шаробсозии Фаронса, панирпазии Ҳолланд ё кони намаки Величка дар Лаҳистон мебошад, ки солона миллионҳо сайёҳро ҷалб мекунанд. Вале дар ҳоле дар Тоҷикистон саноат дар ҳолати хароб асту чизи ҷолибе надорад ба сайёҳон пешкаш кунад, кӣ барои саёҳии саноатӣ ба ин кишвар меояд? Ҳатто пас аз фаҳмидани ин мафҳум, сухани мақомдори Кумитаи рушди сайёҳӣ оид ба “саноатикунонии босуръати соҳаи сайёҳӣ” чӣ маъно дорад, маълум нест. Оё ин мақомдор мехоҳад босуръат объектҳои саноатие сохта шавад, то сайёҳон аз онҳо дидан кунанд? Ё молҳои саноатӣ зиёд шавад, ки сайёҳон барои харидорӣ ба кишвар сафар кунанд? Ё аслан ин суханҳо ҳеҷ маъно надоранду ҳарзае беш нестанд?
Ҳамчунин, ин мақомдор таъкид кардааст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҳукумати кишвар Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи рушди сайёҳиро тасдиқ кардааст. Ба гуфти ӯ, барои “татбиқи босамари Стратегия маблағгузории бахши хусусӣ, шарикони рушд ва сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб шуда истодааст” ва мавқеи Тоҷикистонро дар ҷаҳон раддабандии кишварҳои меҳмоннавоз, ки аз ҷониби Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ гузаронида мешавад, муайян мекунанд.
Бо вуҷуди ин қадар “тадбирҳои зарурӣ”-и ҳукумат, аз рӯи нишондидандаҳои ҷаҳонӣ, ки сатҳи рушди соҳаи сайёҳиро муайян мекунанд, Точикистон ҳанӯз дар зинаҳои поёнӣ қарор дорад. Дар ҳамон раддабандие, ки мақомдори кумитаи сайёҳӣ зикр кард, яъне раддабандии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ барои соли 2021, Тоҷикистон ҷои 92-умро байни 117 кишвар ишғол кардааст. Дар ин радабандӣ Тоҷикистон пас аз кишварҳои ақибмондаи африқоии Намибия (ҷои 88-ум), Руанда (ҷои 89-ум), Боливия (ҷои 91-ум), ва Қирғизистон (ҷои 90-ум) қарор гирифтааст. Аҷибаш ин аст, ки нисбат ба соли 2020 Боливия дар ин радабандӣ 5 зина боло рафтааст, вале Тоҷикистон як зина поён рафтааст. Яъне дар кишвари ақибмондаи африқоии Боливия воқеан соҳаи сайёҳӣ рушд кардааст, вале дар Тоҷикистон бошад, бо вуҷуди татбиқи “сиёсати хирадмандона”-и “пешво” Тоҷикистон, ин соҳа рӯ ба таназзул аст.
Аз рӯи адади сайёҳони ба кишвар омада бошад, Тоҷикистон низ дар сатҳи поёнӣ қарор дорад. Дар радабандии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, як ниҳоди тобеи Созмони милали муттаҳид, Тоҷикистон боз ҳам ҷои 92-умро ишғол кардааст. Дар ин радабандӣ адади сайёҳони ба кишвар воридшуда ба назар гирифта шудааст ва Тоҷикистон бо зиёда аз 1 миллион сайёҳ ин мавқеъро соҳиб шудааст. Дар ин радабандӣ Тоҷикистон пас аз Куба (ҷои 89-ум), Парагвай (ҷои 90-ум) ва Бруней (ҷои 91-ум) қарор гирифтааст, ки ин кишварҳо аслан байни сайёҳон маъруф нестанд.
Ҷолиб он аст, ки Қирғизистон, ки дар радабандии қаблӣ тақрибан бо Тоҷикистон дар як сатҳ буд, дар радабандии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ бо 8,5 миллион нафар сайёҳ ҷои 24-умро ишғол кардааст.
Тоҷикистон сайёҳони кадом кишварҳоро ҷалб карданист?
Давоми чанд соли охир Тоҷикистон чанд чорабиниҳое барои “рушди сайёҳӣ” дар “сатҳи байналмиллалӣ” гузаронидааст.
3 марти соли 2022 вазорати корҳои хориҷӣ хабар дод, ки дар ш. Истанбул бо Форуми cайёҳии Тоҷикистону Туркия баргузор гардид. Дар ин форум намояндагони баландпояи ду кишвар вохӯрданд. Гуфта мешуд, ки дар Форуми мазкур намояндагони зиёда аз 250 ширкату корхонаҳои соҳаҳои сайёҳии Тоҷикистону Туркия маҷозӣ иштирок намуданд. Ин форум чӣ натиҷа додааст ва кадом ҳадафҳоро пайгирӣ кардааст, маълум нест. Маълум нест, ки оё Тоҷикистон хостааст турконро ба кишвараш барои сайёҳӣ давъат кунад ё баръакс.
26 майи соли 2022 дар шаҳри Макка бо ташаббуси сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти Арабистони Саудӣ Форуми сайёҳӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор гардида буд. Гуфта мешуд, дар ҳошияи ҳамоиш шаш қарордоди ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ба имзо расидааст. Тафсилоте дар мавриди он, ки ин ҳамкориҳо дар кадом шакл ва кай сурат мегиранд, дар хабар наомадааст. Бо гузашти чанд моҳ, то ҳол ҳеҷ хабаре дар мавриди сафари сайёҳони саудӣ ба Тоҷикистон нашр нашудааст.
Ҳафтаи гузашта, яъне 5 январ “Ховар” боз лоф зад, ки фаъолони шабакаҳои иҷтимоии Давлати Кувайт аз Тоҷикистон дидор карданд ва “таассуроташонро аз мавзеъҳои сайёҳии мамлакат ва ширкатҳои сайёҳии ватанӣ рангину хотирмон баён доштанд”. Дар хабар омадааст, ки Кумитаи рушди сайёҳӣ барои “фаъолони шабакаҳои иҷтимоии Давлати Кувайт, ки зимни ифтитоҳи хатсайри нахустин дар масири Ал-Кувайт – Душанбе – Ал-Кувайт ба мамлакати мо омаданд, барои боздид аз мавзеъҳои назаррабои саёҳати иттилоотӣ доир намуд”.
Ин аст сатҳи фаҳмиши ҳукумати тоҷик. Намояндагони ҳукумати Раҳмон блогерони кувайтиро тантанавор қабул карда, барояшон “экскурсия” гузаронидаанд, “мавзеъҳои назаррабо”-ро нишон додаанд, шояд барояшон базмҳои рақсу бозиву суруд ташкил кардаанд, зеро муқтазои табиаташон ин аст. Дар ҳоле, ки ҳукумат блогерони фаъоли тоҷикро ба кунҷи зиндон партофтааст, блогерони кувайтиро ҳамчу меҳмони азиз пешвозу меҳмондорӣ кардааст. Тавре дар урфият мегӯянд, “кӯри худи бинои кас” . Блогери машҳури помирӣ Хушрӯз Ҷумъаев, ки ба номи мустаори Ҳушом Ғулом маъруф аст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар дар бораи таъриху забонҳо ва фарҳанги мардуми Помир матлаб нашр мекард. Барои ин кораш ӯ аз ҳукумат маош намегирифт, дар чорабиниҳои ҳукуматӣ иштирок намекард, аслан ягон дастгирие, ҳатто маънавӣ ҳам бошад, аз ҳукумат намедид. Соли гузашта ҳукумат ин блогерро ба 8 соли зиндон маҳкум намуд.
Маълум нест, ки кормандони кумитаи сайёҳӣ ин блогерони кувайтиро ба Помир бурдаанд ё на. Бо назардошти ифтихори ҳукумат бо кӯҳҳои Помир ва шоҳроҳи Помир, бояд ҳатман дар бораи ин минтақаи маъруф гуфта бошанд.
Моҳи ноябри соли 2022 “Ховар” бо сарлавҳаи дабдабаноки “ТУҒЁНИ ЭҲСОСОТ. Шоҳроҳи Помир ба ТОП 10 зеботарин роҳҳои сайёра дар соли 2022 шомил гардид!” матлабе нашр карда буд. Эҳсосоти ин агентӣ аз он “туғён” кардааст, ки шоҳроҳи Помир — баландтарин роҳи хокии сайёра, ки Душанберо бо шаҳри Хоруғи Тоҷикистон ва Ӯши Қирғизистон мепайвандад, “дар раддабандӣ ҷои сеюми ифтихориро ишғол карда ва танҳо баъд аз роҳҳои зебои Фаронса ва ИМА ҷой гирифт”. Вале эҳсосоти ин агентӣ аз зиндонӣ шудани чандин блогеру журналисти зодаи ин минтақа, қатлу куштори даҳҳо нафар фаъолон “туғён” накардааст.
Гуфтанист, ҳукумати кишвар бори аввал нест, ки мехоҳад бо Кувайт ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ оғоз кунад. Қаблан, моҳи ноябри соли 2014 дар меҳмонхонаи «Шератон»-и Давлати Кувайт бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Давлати Кувайт намоишгоҳи сайёҳии Тоҷикистон баргузор гардида буд. Тавре вазорати корҳои хориҷӣ хабар дода буд, аз ҷониби Тоҷикистон ширкатҳои сайёҳии «Ассотсиатсияи мададгор ва рушди ширкатҳои туристӣ», ҶДММ «Помир силк Травел», ҶДММ «Сафари Помир», «Ассотсиатсияи эко-сайёҳӣ ва фарҳангии Помир», ҶДММ «Ҳафткул», ҶДММ «Боми ҷаҳон» ва ҶДММ «Помир пикс» иштирок кардаанд. Тавре дида мешавад, аксари ширкатҳои сайёҳӣ, ки Тоҷикистонро намояндагӣ кардаанд, вобаста ба Помир буданд. Табиист, ки барои арабҳо сафар ба минтақаҳои кӯҳистон хеле ҷолиб аст. Ҳамасола ҳазорҳо нафар арабҳои минтақаи Халиҷи Форс ба кӯҳсорҳои Швейстарияву Фаронса барои сайёҳат рафта, миллионҳо доллар масраф мекунанд ва ҳукуматҳои ин кишварҳо низ ба онҳо таваҷҷуҳи махсус медиҳанд.
Аммо бесалоҳиятии ҳукумати Тоҷикистон дар он дида мешавад, ки аз намоишгоҳи сайёҳии Тоҷикистон дар Кувайт, ки соли 2014 гузашт, то расидани аввалин ҳавопаймо ба Тоҷикистон ҳашт сол гузаштааст. Он ҳам бошад, шояд ягон сайёҳе дар он ҳавопаймо набошад, зеро дар бораи сайёҳон дар хабарҳо ҳарфе нест. Танҳо “фаъолони шабакаҳои иҷтимоии Давлати Кувайт” омадаанд. Сайёҳони кувайтӣ кай ба Тоҷикистон мерасанд, то ҳол маълум нест.
Ба назар мерасад, сайёҳони Арабистони Саудӣ, ки барояшон моҳи майи соли 2022 форуми сайёҳӣ гузаронида шуд, солҳои 2030 ба Тоҷикистон расида меоянд ва бо ҳамин Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бомувафаққият ба охир мерасад.
Дар мавриди сайёҳон аз Туркия бошад, омадани шаҳрвнадони кишваре, ки намунаи беҳтарини хидмат ба сайёҳонро ба роҳ мондааст ва кишваре, ки сайёҳон ҳатто ҳоҷатхона пайдо намекунанд, бисёр баъид аст.