Эътилофи муташаккил аз шаш ҳизби опозитсиюни Туркия бар сари номзади муштарак барои интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар моҳи майи соли ҷорӣ ба тавофуқ расиданд. Ин эътилоф барои рақобат бо Урдуғон, раисҷумҳури ин кишвар бар сари номзадии Камол Қиличдоруғлу тавофуқ кард.
Темел Керамлуғлу, раҳбари ҳизби “Саодат” шомгоҳи душанбе 6 март дар Анқара эълом кард эътилофи шашгона, Камол Қиличдоруғлу, раҳбари ҳизби ҷумҳурихоҳи Туркия, бузургтарин ҳизби мухолифро ба номзадиии ин иътилоф баргузидааст.
Камол Қиличдоруғлу дар интихоботи раёсатҷумҳурии Туркия, ки дар 14 майи 2023 баргузор мешавад, бо Раҷаб Таййиб Урдуғон, раисҷумҳури кунунии ин кишвар ба рақобат хоҳад пардохт.
Эътилофи шашгона замони тӯлонӣ натавониста буд бар сари муаррифии номзади муштарак ба тавофуқ бирасад ва ҳатто дар чанд рӯзи гузашта эълом шуда буд, ки ин эътилоф аз ҳам пошидааст.
Бозгашти Мерал Акшенер ба иътилоф
Мирал Акшенер, раҳбари ҳизби миллигарой “Нек”” (IYI), ки рӯзи ҷумъа аз эътилофи опозитсион канора гирифта буд, акнун дубора бо як пешниҳоди ҷадид ба ин эътилоф бозгаштааст.
Акшенер рӯзи ҷумъа 3 март пас аз ҷаласае бо намояндагони ҳизбаш тавзеҳ дод, номзадҳои пешниҳодии ӯ яъне Акрам Имомуғлу, шаҳрдори Истамбул ва Мансур Явош, шаҳрдори Анқара, ки ҳарду аз ҳизби ҷамҳурихоҳи халқ буданд аз сӯи соири аъзои иътилоф рад шудаанд.
Раҳбари ҳизби “Нек” Қиличдоруғлуро муттаҳам карда буд, ки “ҷоҳталабиҳои шахси”-ро бар манофеъи кишвар муқаддам медонад.
Ҳоло хонуми Акшенер дубора ба эътилоф бо шуртҳои наве бозгашта ва гуфтааст, ки Қиличдоруғлу дар сурати пирӯзӣ дар интихобот ҳар ду шаҳрдорро ба унвони муовинини худ мансуб кунад.
Акшенер пеш аз ин дар интиқоди тунде гуфта буд, ки интихоб байни Урдуғон ва Қиличдоруғлу интихоб “байни маргу вараҷа” аст. Ҳанӯз мушаххас нест, ки ин изҳорот то чи ҳадде ба ин эътилоф осеб расондааст.