Шабакаи хабарии SNN ба нақл аз чаҳор манбаъи огоҳ иддао кард, ки Маскав бархе аз таслиҳот ва таҷҳизотеро, ки аз сӯи Иёлоти муттаҳида ва НАТО ба Укроин таҳвил дода шуда буд ва акнун дар майдони ҷанг ба ғанимати нерӯҳои Русия даромадааст ба Эрон мефиристад.
Ин бовар вуҷуд дорад, ки Эрон саъй дорад аз тариқи кофтукови муҳандисии ин таслиҳот, ба иттилооти муҳиме дар бораи онҳо даст ёбад.
Ба гуфтаи ин манобеъ, ки номашон фош нашуда, мақомоти Иёлоти муттаҳида, НАТО ва дигар мақомоти ғарбӣ дар яксоли гузашта борҳо шоҳид будаанд, ки дар майдонҳои набард, нерӯҳои Русия машғули ҷамъоварии таҷҳизоти таслиҳотӣ ҳамчун зиддитанки “Ҷавелин” ва системҳои зидди ҳавоии “Стингер” ҳастанд, ки артиши Укроин дар замони ақибнишинӣ, маҷбур ба раҳо кардани онҳо шуда буд.
Русия бисёре аз ин таҷҳизотро барои кофтукови муҳандисӣ таҷзияву таҳлил ба Эрон фиристодааст ва ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки дар ниҳоят эрониҳо битавонанд нусхаи худро аз ин силоҳҳо бисозанд.
Бо ин вуҷуд ба гуфтаи ин манобеъ, мақомоти амрикоӣ мӯътақид нестанд, ки кори ирсоли намунаи силоҳҳои ғарбӣ ба Эрон як иқдоми густурда ва систематик бошад. Зеро артиши Укроин аз ибтидои ин ҷанг ҳамвора омори талафоти таҷҳизоти ироашуда тавассути Иёлоти муттаҳида дар ҷараёни набардҳоро ба Пентагон гузориш додааст. Аммо амрикоиҳо таъйид мекунанд, ки расади дақиқи вазъияти ҳамаи силоҳҳое, ки дар майдонҳои набард истифода шуданд, мумкин нест.
Ба бовари манобеъи SNN, Русия умедвор аст бо идомаи ирсоли намунаи силоҳҳои ғарбӣ ба Эрон, битавонад ҳимояти Теҳрон аз Маскавро дар ҷараёни ин ҷанг ҳифз кунад ва ҳанӯз мушаххас нест, ки оё Эрон дар кофткови муҳандисии ин таслиҳот ба муваффақият расидааст ё на.
Нигаронӣ аз афзоиши ноамниҳо дар минтақа
Теҳрон пеш аз ин собит кардааст, ки дар сохти таслиҳоти мушобеҳи он чи дар гузашта аз таҷҳизоти амрикоӣ ба даст оварда буд, маҳорати болое дорад. Ба таври мисол, сохти “мушаки ҳидоятшавндаи зиддитонкии “Тӯфон”” дар воқеъ ҳосили кофтукови муҳандиси як мушаки амрикоӣ ба номи “BGM-71 TOW” дар даҳаи 70-ум будааст.
Эрониҳо ҳамчунин дар соли 2011 як паҳподи сохти Амрико ба номи Локҳед Мортин “Sentinel”- ро роҳгирӣ ва сарнагун карданд ва бо таҳқиқи муҳандисии он тавонистанд паҳподи ҷадиде бисозанд, ки дар соли 2018 вориди ҳарими ҳавоии Исроил шуд.
Ҷонатон Лард, коршиноси аршади ва мудири барномаи амниятии Ховари Миёна дар маркази амнияти ҷадиди Амрико бо ишора ба ин тавоноии Эрон мегӯяд: “онҳо мушаки ҳидоятшавндаи зиддитонки TOW-ро таҳқиқи муҳандисӣ карданд ва мушаки тақрибан комиле сохтанд, ки онро “Тӯфон” номиданд ва акнун дар теъдоди боло дар ихтиёри ҳусиҳо ва Ҳизбуллоҳи Лубнон мегузоранд. Эрон метавонад ҳамин корро бо системи зидди ҳавоии Стингер низ анҷом диҳад ва бо ин кор, ҳавонаврдии низомӣ ва ғайринизомиро дар саросари минтақа таҳдид кунад. Муваффақият дар таҳқиқи муҳандисии зиддитонки “Ҷавелин” низ метавонад ба абзори ҷадиде дар дасти Ҳамос ё Ҳизбуллоҳ барои таҳдиди танкҳои Меркаваи Исроил табдил шавад.”
Пентагон дар авохири соли гузашта талошҳояшро барои радёбии таслиҳоти амрикоии ироашуда ба Укроин густариш дод. Аз ҷумла аз тариқи бозрасӣ дар маҳалл, ки бо ҳамкории кадрҳои низомии Иёлоти муттаҳида мустақар дар сафорати Амрико дар Киев анҷом мешавад.
Бо ин вуҷуд Колин Кал, муовини вазири дифоъ дар умури сиёсат дар давлати Байден дар авоили соли ҷорӣ муқобили қонунгузорони кишвараш таъйид кард, ки бархе аз таҷҳизоти амрикоӣ дар ҷараёни ҷанги Укроин ба ғанимати нерӯҳои Русия даромадаанд.