11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Коршинос: муҳоҷирини тоҷик бояд оҷилан Мариуполро тарк кунанд

Гурӯҳи бузурге аз муҳоҷирони тоҷик, ки гуфта мешавад ададашон беш аз 300 нафар аст, дар шаҳри Мариуополи Укроин дармондаанд. Ин шаҳр аз ҷониби артиши Русия ғасб шуд ва муҳоҷирони тоҷикро бо ваъдаи маоши баланд ва ҷои хобу хӯроки бепул барои азнавсозии ин шаҳр бурда буданд. Ҳоло ин гурӯҳи чандсаднафарӣ на кор дорад, на пул ва на ҷои хоб. Бархе ҳатто барои хӯрокаашон пул пайдо намекунанд.

Дар ин шаҳри табдилшуда ба харобазор, ки 20 дарсади аҳолияш ҳам боқӣ намондааст, 300 тоҷик мунтазири гирифтани маоши моҳҳои гузашта ва пайдо шудани кори наванд. Аммо коршиносон мегӯянд имкони пайдо шудани кор дар Мариупол ва дигар шаҳрҳои ғасбшуда аз ҷониби Русия тақрибан вуҷуд надорад ва дар гумон аст, ки ба ин муҳоҷирони фиребхӯрда маошашон ҳам пурра пардохт карда шавад.

Дар як видеосӯҳбати телефонӣ гурӯҳи чаҳорнафараи муҳоҷирони тоҷик ҷои истиқомат ва дастархонашонро ба хабарнигори Паём нишон доданд. Онҳо дар як хонаи солиммонда дар ошёнаи аввали бинои тақрибан пурра сӯхтаву харобшуда зиндагӣ мекунанд. Мегӯянд хонаашон на барқ дорад, на гармӣ ва на ҳатто об. Қаблан дар хонаи беҳтаре зиндагӣ мекарданд, аммо баъди бекору бепул монданашон ба ин хона кӯчидаанд. 

Хӯрокашон нони хушк ва картошкаи ҷӯшонидашуда. Мегӯянд ҳамин картошкаро ҳам аз анбори як хонаи сӯхта пайдо карданд, вагарна ҷуз нон чизе барои хӯрдан надоштанд. Моҳи аввал корфармоён маошашонро қисман пардохт кардаанд ва онҳо ба ин бовар, ки маошашон қатъ нахоҳад шуд, пулҳои коркардаашонро ба хонаводаҳояшон дар Тоҷикистон фиристодаанд. Аз аввали моҳи гузашта корҳои навсозӣ дар ин шаҳри ба харобазор тадбилшуда қатъ шудааст ва тақрибан касе шуғле надорад.

Корфармоён мегӯянд ба зудӣ барои азнавсозии ин шаҳри қаблан саноатӣ маблағи бузург ҷудо хоҳад шуд ва ҳамаи муҳоҷирону сокинони боқимонда кор пайдо хоҳанд кард. Қисме аз муҳоҷирон ба ин ваъдаҳо бовар мекунанд, қисми дигар ҳарҷанд бовар надоранд, пуле барои баргашт ба Русия ё Тоҷикистон надоранд. 

Паём ба коршиносоне муроҷиъат кард, ки қабл аз сафари муҳоҷирони тоҷик ба Мариупол ҳушдор дода буданд ба ҳеҷ ваҷҳ ба онҷо нараванд.

Алим Шерзамонов, сиёсатмадор ва муовини раиси Паймони миллии Тоҷикистон мегӯяд муҳоҷирони тоҷик ҳамеша фиреб мехӯранд, аммо боз ба доми қаллобон меафтанд. Ӯ суол мегузорад “магар дар рӯзҳои осоишта ва дар минтақаҳои бебаҳс аз нигоҳи мансубияти маъмурӣ ин мардум кам фиреб хурд, ки ба хотири ваъдаҳои маоши гӯшношунид барои хандақканӣ бихезиву ба қаламраве биравӣ, ки он ҷо ҷинояткорони ресидивистро инҳо дар пардохти маошашон фиреб мекунанд?”

Шерзамонов ба ин назар аст ин муҳоҷирон онҳое ҳастанд, ки дар сохтмон мутахассис нестанд ва дар ҷойҳое, ки ихтисос талаб дорад, ҷои по пайдо намекунанд. Ин ва содагии азалии “мардуме, ки соҳибкору мансабдораш бо маблағҳои ҳангуфт узви ҳайвони ваҳширо ҷустуҷӯ доранду, нодори сироятёфтааш пеши дари домулло давои дардашро меҷӯяд” ва “орзуи иттифоқан хазинаеро пайдо кардан дар сар мепарварад” боис шудааст барои дарёфти кор ба минтақаи ҷангзада биравад. 

Абдуманнон Шералиев, коршиноси масоили иқтисодӣ мегӯяд муҳоҷирон бештар аз худи русҳо ба таблиғоти расонаҳои русӣ бовар мекунанд: “Онҳо ба ин таблиғот ҳам, ки Русия хоҳиш ва имкону тавоноии азнавсозии шаҳрҳои харобгаштаи Укроинро дорад бовар карда ба Мариупол рафтаанд. Русия воқеъан мехост ин шаҳрро обод созад, аммо танҳо бо ҳадафи таблиғотӣ, чун ба харобазор табдил додани он ин кишварро на танҳо таҷовузгар, балки харобкор ҳам муаррифӣ карда буд. Аммо аз ҳамон аввал маълум буд, ки Русия ба зудӣ вориди бӯҳрони шадиди иқтисодӣ мешавад ва ба ҷуз таъмини ниёзҳои ҷанг барои ҳеҷ кори дигаре пул нахоҳад дошт”.

Муовини раҳбари Паймони миллӣ мугӯяд аз муҳоҷирин ва дигар шаҳрвандони тоҷик даъват мекунад, “тамомияти арзии кишварҳои оламро эҳтиром кунанд ва ғайриқонунӣ ба қаламравҳои ғайриқонунӣ ғасбшудаи Укроин, Гурҷистон аз қабили Қрим, Донбасс, Абхозистону Осетияи Ҷанубӣ нараванд. Ин амал аз нигоҳи ҳуқуқӣ ҷиноят аст ва аз нигоҳи инсонӣ дар муборизаи ҳақу ботил ҷониби ноҳақро гирифтан аст”.

Шералиев бошад ба ин назар аст, ки ин 300 муҳоҷири дар Мариупол буда бояд ҳарчи зудтар онҷоро тарк кунанд. “Агар худи онҳо ба дарки ин намерасанд, ё имкон надоранд, бояд наздиконашон, сафоарти Тоҷикистон дар Маскав, ҷамъиятҳои тоҷикон дар шаҳрҳои Русия ва ҳар касе имконашро дорад вориди қазия шавад, ба онҳо кӯмаки ҳуқуқиву молӣ расонад, то аз он вулқон берун бурда шаванд”.

Ӯ ба ин назар аст, ки “бинобар надоштани ҳеҷ пуштибоне ва вазъи бисёр бади моливу равониашон имкони зиёди ҷалби онҳо ба ҷанг ва ё ҳадди ақал ба кандани хандақҳо дар хати аввалу дувуми ҷанг вуҷуд дорад, ки ин ҳам риски камтаре аз ширкат дар ҷанг надорад. Бомбҳои ғарбӣ, ки дар дасти укроиниҳо қарор доранду ҳар рӯз чандсад сарбози русро мекушанд, ҳанӯз ташхис дода наметавонад, ки сарбоз кадом асту муҳоҷири фиребхӯрда кадом”.   

Ҳарду коршинос бар ин назаранд, ки Мариупол дубора саҳнаи ҷангҳои шадид хоҳад шуд. Алим Шерзамонов мегӯяд барои Укроин, ки тасмим дорад баҳорон зиддиҳамлаи бузургеро шурӯъ кунад, аҳамияти озодсозии Мариупол камтар аз аҳамияти озодсозии Крим нест ва ҳатто шояд дар авлавият қарор дошта бошад. Абдуманнон Шералиев ба ин назар аст, ки баъди шурӯъи зиддиҳамлаи Укроин шонси баромадани муҳоҷирони тоҷик аз Мариупол ба маротиб камтар мешавад.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *