Рубрики Хабарҳо

Ҳудуди 20 000 донишҷӯву хонанда дар Хуҷанд ба «маршировка»ҷалб шудаанд

19 ҳазор нафар донишҷӯён ва хонадагони мактаб дар Хуҷанд ба “маршировка”, ё тамрини барномаи фарҳангӣ барои таҷлили ҷашни Наврӯзи ҷумҳуриявии имсола бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҷалб шудаанд. Дар ин бора “Азия Плюс” бо истинод ба як масъули ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад.

Ба гуфтаи ин масъули, барномаи фарҳангӣ ва асосии Наврӯзи ҷумҳуриявии имсола охири моҳи март дар варзишгоҳи “20 солагии Истиқлолият” — и шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад ва барои омодагӣ ба он 19 ҳазор нафар, аз ҷумла ҳудуди 12 ҳазор нафар донишҷӯёну хонандагони мактаб  ҷалб шудаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, ба “маршировка” донишҷӯёну хонандагон аз донишгоҳҳову мактабҳои маркази вилоят ҷалб гардида, аввал дар 4-5 минтақаи шаҳри Хуҷанд тамрин кардаанд ва наздики як ҳафта мешавад, ки ҳамаи онҳо дар варзишгоҳи “20 солагии Истиқлолият” тамрин мекунанд.

“Қариб се ҳафта мешавад, ки ба варзишгоҳ меоем.  Ин ҳафта аз шаҳру ноҳияҳо низ иштирокчиён омада истодаанд ва ҳоло мо дар ин ҷо аз саҳар то бегоҳ тамрин менамоем. Моро аз дарс озод кардаанд ва гуфтанд, ки дар вақти санҷишу имтиҳон дастгирӣ мекунем. Аз ҳар факултету мактаб омӯзгорону устодон масъул шудаанд ва онҳо  ҳамроҳи мо омада, назорат мекунанд”, — гуфтааст як донишҷӯ, ки дар “маршировка” ширкат дошт.

Ба ғайр аз донишҷӯёну хонандагон дар ин  барномаҳои фарҳангӣ ҳамчунин, кормандони  соҳаи фарҳанги шаҳру ноҳияҳо низ иштирок доранд.

Ин ҳама омодагӣ барои таҷлили Наврӯзи ҷумҳуриявӣ бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аст. Санаи дақиқи баргузории ҷашн гуфта намешавад, аммо тибқи маълумоти Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 29 то 31-уми март ба вилояти Суғд сафар хоҳад кард. Ӯ аз 20 то 25-уми март ҷиҳати иштирок дар Конфронси оби СММ ба шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар карда буд.

Гуфта мешуд аз Ню Йорк Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо биравад. Барои эътироз ба ин сафари диктатори Тоҷикистон, беш аз сад нафар мухолифон дар назди Вазорати хориҷаи Олмон ва майдони Бундестаг дар Берлин таҷаммӯъи эътирозӣ карданд. Баъдан иттилоъ дода шуд, ки ин сафари Раҳмон лағв шудааст.

Бояд гуфт, ки баҳси ҷалби донишҷӯён ба тамринҳои идона ё “маршировка” чандин сол аст, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон баррасӣ мегардад. Донишҷӯён даъво доранд, ки онҳоро иҷборан ба тамрин меоранд ва дар ҳолати саркашӣ кардан, бо хориҷ кардан аз донишгоҳу мушкил бар супоридани санҷишу имтиҳонот таҳдид мекунанд. Масъулини ташкили ин гуна чорабиниҳо, аз ҷумла вазоратҳои маорифу бошад, ҷалби донишҷӯён ба “маршировка”-ро амали маъмулӣ ва афзояндаи ҳисси ватандӯстии ҷавонон медонанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *