Рубрики Хабарҳо

Барои як «лайк». Абдуллоҳи Шамсиддин ба 7 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи ноҳияи Синои Душанбе Абдуллоҳи Шамсиддин, муҳоҷири истирдодашуда аз Олмонро ба ҳафт соли зиндон мақкум кард. Тибқи иттилоъи манбаъи “Паём” додгоҳ Абдуллоҳро бо қисми якуми моддаи маъруфи 307 (Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм) гунаҳкор донистааст.

Мурофиъаи Абдуллоҳи Шамсиддин дирӯз шурӯъ шуда буд ва ба гуфтаи манбаъ худи ӯ ва “шоҳидон” пурсида шудаанд. Яке аз “шоҳидон”, ки гуфта мешавад аз қавми лақай буду бо тоҷикӣ бо мушкил ҳарф мезад, шоҳидӣ додааст, ки дида чи гуна Абдуллоҳ зери кадом посте дар фейсбук “лайк” мондааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи наздиконаш Абдуллоҳ ҳеҷ гоҳ бо номи худаш дар фейсбук саҳифа надошт.

Баъди шоҳидии “шоҳид” додрас аз Абдуллоҳ пурсидааст, ки оё воқеъан лайк гузошта буд ва ӯ ҳам ба “гуноҳаш” эътироф кардааст. Гуфтанист, бештари эътирофҳо аз боздоштшудаҳо дар Тоҷикистон тавассути шиканҷа гирифта мешавад. Қаблан ҳамсари Абдуллоҳ гуфта буд, ки зимни тамос ӯ бисёр афсурда ба назар мерасид ва ҳатто гиря кардааст. 

Гуфтанист, Абдуллоҳ аз Тоҷикистон соли 2011 хориҷ шуда ва ин ҳама муддат ҳамроҳи хонаводааш дар Олмон зиндагӣ мекард.

Фаъолони тоҷики муқими Аврупо ва фаъолони олмониву ҳамкорони собиқи Абдуллоҳ чандин бор назди идораҳои мақомоти давлатии Олмон тазоҳурот карда, хостори озодӣ ва бозгардонидани Абдуллоҳ шуда буданд. 

Охирин тазоҳурот бо дархости озодӣ ва баргардонидани Аврупо рӯзҳои 24 то 27 март дар Белин баргузор гардид. Рӯзи 25 март дар бузургтарини он, ки ҳамчунин дар вокуниш ба сафари Раҳмон ба Аврупо ташкил шуда буд, беш аз 100 нафар ширкат карданд. 

Гуфтанист, Абдуллоҳи Шамсиддин рӯзи 18 январ аз сӯи пулиси Олмон истирдод шуд ва то ҳол мақомоти Тоҷикистон ҳеҷ иттилоъи расмие дар бораи ӯ надодаанд. Вазири корҳои дохила Рамазон Раҳимзода ва Додситони кулл Юсуф Раҳмон дар нишасти солонаи матбуотиашон гуфтанд, ки ҳеҷ иттилоъе аз Абдуллоҳ надоранд.

Рӯзи 7 март ҳамсари Абдуллоҳи Шамсиддин гуфта буд, ки  ӯ аз худ дарак додааст ва дар боздоштгоҳи КДАМ қарор дорад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *