Бархе аз мудирони машҳур ва чеҳраҳои шинохташудаи дунёи фановарии иттилоот бо интишори номаи саркушодае аз “хатари шадиди ҳуши маснуъӣ барои ҷомеа” ҳушдор дода ва хостори таваққуфи дастикам шашмоҳаи пружаҳои фавқпешрафта дар ин замина шудаанд то фурсате барои эҷоди як низоми контрол ба вуҷуд ояд.
Илон Маск, молики Твиттер ва мудиромили ширкати Тесла, ва Стив Возняк, аз бунёдгузорони ширкати Apple, ки аз имзокунандагони ин нома ҳастанд, ҳушдор додаанд тавсеа ва пешрафти фановариҳои мавсум ба “ҳуши маснуъӣ” дар сатҳи фавқпешрафта, ки як намунаи он тайи чанд рӯзи гузашта вориди арсаи умумӣ шуд, ниёзманди муқаррарот ва меъёрҳои замонатӣ аст.
Ахиран як озмоишгоҳи таҳқиқотӣ дар Амрико пешрафтатарин сомонаи ҳуши маснуъии мавҷудро рӯнамоӣ кард.
Ширкат OpenAI, ки пружаи GPT-ро дар дасти иҷро дорад, ду ҳафта пеш аз як фанноварии фавқҳушманд таҳти унвони GPT-4 рӯнамоӣ кард, ки нозирони ин арсаро бо тавоноии худ дар посух додан ба саволҳое аз мушаххасот ва ашёи дохили тасовир ҳайратзада кардааст.
Нома, ки дирӯз, чаҳоршанбе 28 март аз ҷониби муассисаи “Ояндаи зиндагӣ” (Future of Life Institute) таҳия шуда ва онро бисёриҳо, аз ҷумла чеҳраҳои шинохташудаи дунёи фановарӣ имзо кардаанд, вокунише ба пружаҳои GPT-4 ва фаротар аз он аст ва дар он нисбат ба риски паёмадҳои вуруди чунин фановариҳо барои зиндагии башар ҳушдор дода шудааст.
Дар ин нома омадааст: “системаҳои ҳуши маснуъӣ, ки қобилияти рақобат бо ҳуши инсонӣ доранд, метавонанд хатароти бисёр ҷиддӣ барои инсоният ва ҷомеъаҳо эҷод кунанд”.
Институти “Ояндаи зиндагӣ” як созмони ғайридавлатӣ аст, ки мегӯяд ҳадафаш “ҳифзи фановариҳо аз хатароти бузургу ифротӣ ва ҳидояти онҳо ба сӯи фоидаҳояшон барои зиндагии башар аст”.
Имзокунандагони нома изҳори нигаронӣ кардаанд, ки пешрафтҳои ахир бояд дар ҷиҳати тағйироти мусбат ва зарарҳои онҳо қобили мудирият бошанд.
Нигаронӣ аз ин ки пешрафти бидунии ҳадду меъёри фановариҳои мавсум ба “ҳуши маснуъӣ” башарро батадриҷ ба фоҷиа мерасонад, мавзӯъи наве нест, аммо ахиран бо зуҳури фановариҳои фавқпешрафта дар заминаи ҳуши маснуъӣ, ин нигарониҳо авҷ гирифтааст, ҳарчанд коршиносон бахше аз ин нигарониҳоро “фаротар аз воқеият” арзёбӣ мекунанд ва мегӯянд бахше аз он ношӣ аз “тарси таърихии мо” аз тағйироти бузург аст, ки ҳамроҳ бо бим аз бекорӣ, нобудии башарият ва тасаллути мошин (компютер) бар инсон аст.
Илон Маск яке аз имзокунандагони саршиноси ин нома аст. Ў худ аз муассисони ширкати OpenAI буд, аммо баъдан аз ҳайати мудираи он истеъфоъ дод ва дар Твиттер бо нигоҳи интиқодӣ дар бораи он навишт.
Илон Маск, молики Твиттер ва мудиромили ширкати Тесла мушовири берунии муассисаи “Ояндаи зиндагӣ” аст.
Дар номаи Муассисаи “Ояндаи зиндагӣ” омада фановариҳои пешрафтаи ҳуши маснуъӣ бояд бо мулоҳиза тавсеа ёбад ва ин дар ҳолест, ки “дар моҳҳои ахир шоҳиди онем, ки озмоишгоҳҳои ҳуши маснуъӣ ҳатто вориди як мусобиқаи ғайриқобили контрол барои пешбрд ва ироаи “зеҳнҳои диҷитол”-и бисёр қудратманд рафтаанд, ки ҳеҷ кас — ҳатто созандагон онҳо — қодир ба дарки комили онҳо, пешбинии амали баъдии онҳо ва контроли мутмаини онҳо, нестанд”.
Дар ин нома ҳушдор дода шудааст, ки маҳсулоти ҳуши маснуъӣ қодир аст интернет ва фазои маҷозиро пур кунад аз иттилооти ғалате, ки ташхиси нодурустии онҳо бисёр душвор ва шояд ғайримумкин бошад ва ҳамчунин ин қобилиятро дорад, ки шуғли чандин миллион нафарро аз онҳо бигирад.
Ин нома ҳамчунин дар пайи гузорише аст, ки ширкати сармоягузории Голдман дар он ҳушдор дода буд, ки бо ба бозор омадани фановариҳои пешрафта мумкин аст ҳуши маснуъӣ ҷойгузини миллионҳо шуғли инсонӣ шавад.
ВВС